16 Январ 2025
Санаи 15-уми январи соли 2025 бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Ҷаҳонгир Салим, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Пӯлотзода Илҳом Пӯлот, аъзои кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, собиқадорони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" маҷлиси ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон баргузор гардид. Ҳозирин пас аз тасдиқи ҳайати Раёсат, котибот ва рӯзномаи кори ҷаласа ба баррасии он шуруъ карданд.
Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода аз хизматҳои шоёни Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода ёдовар шуда, зикр дошт, ки дар мувофиқа бо Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Оқилзода Ғайрат Аҳмад ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон пешниҳод гардидааст.
Номбурда солҳои 1995-1996 ҳамчун муҳандиси техникии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Корхонаи Фузулоти Нодири Ленинобод», солҳои 1996-2005 ҷонишини сардори шуъбаи таъминоти техникии ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Корхонаи Фузулоти Нодири Ленинобод», солҳои 2005-2006 муовини сардори идораи саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, солҳои 2006-2007 сармутахассиси шуъбаи саноати дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, солҳои 2007-2009 сардори шуъбаи ҳуқуқшиносии ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Корхонаи Фузулоти Нодири Ленинобод», солҳои 2009-2010 мутахассиси шуъбаи меҳнат ҳифзи иҷтимои шуғли аҳолӣ ва муроҷиати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, солҳои 2010-2011 мутахассиси шуъбаи назорат ва протоколи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, аз феврали соли 2011 мутахассиси пешбари шуъбаи назорат ва протоколи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, солҳои 2011-2015 Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон фаъолият намудааст. Аз феврали соли 2015 то инҷониб дар вазифаи муовини Раиси шаҳри Гулистон кор кардааст.
Ҳамин тавр бо ҷонибдории аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Оқилзода Ғайрат Аҳмад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон интихоб гардид.
Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода раиси тозаинтихоби Кумитаи иҷроияи шаҳриро табрик намуда, зикр дошт, ки Оқилзода Ғайрат Аҳмад масъулияти баланд ва дониши амиқи сиёсӣ дорад. Изҳори умеду боварӣ карда шуд, ки ҳизбиёни шаҳр минбаъд низ дар партави дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа, ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии насли ҷавони мамлакат, дастгирии қишри ниёзманд ва рушди ободии мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Оқилзода Ғайрат Аҳмад - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон зимни суханронӣ барои бовариву эътимод ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои кумиҷроияи шаҳр арзи сипос баён намуда, зикр дошт, ки баҳри татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб донишу таҷриба ва неруи худро сафарбар менамояд.
Бо қабули қарорҳои дахлдор ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ба кори худ анҷом бахшид.