Матни равон

Таърихи 22 январи соли равон дар толори Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Дар рафти кори маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Замира Мансурӣ, муовини раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Оқилзода Ғайрат, аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳр, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок доштанд.

Маҷлис бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

- Ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти соли 2025;

- Таъсиси Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон;

- Пешбарии номзадҳо ба маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд;

- Пешбарии номзадҳо ба маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон;

Қабл аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Раёсати маҷлис ва барои ба ҳисоб гирифтани баромадҳо, таклифу пешниҳодот ҳайати котиботи маҷлис интихоб карда шуд.

Доир ба масъалаи ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти соли 2025,

муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Шарифа Отаҷонова ҳисобот дод.

Шунида шуд, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, ҳадафу мақсадҳои Оинномавӣ ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва вилоятӣ, Анҷумани ҲХДТ ба роҳ монда, аъзо ва ҷонибдоронашро ба тарғибу ташвиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ сафарбар намуда, дар тамоми самтҳои фаъолияти ҳизбӣ корҳоро боз ҳам тақвият бахшид.

Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар ин давра Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботӣ, 3 маҷлиси Кумитаи иҷроия, 6 маҷлиси Раёсат, 2 маҷлиси Ситоди обуна - 2025 гузаронида, 24 масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор додааст.

Дар соли 2024 шумораи умумии аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр ба 5510 нафар расида, дар ин давра 437 нафар ба сафи ҳизб қабул гардиданд, аз онҳо 309 нафар занҳо ( 71 %) ва 170 нафар ҷавонон (39 %) мебошанд. Аз шумораи умумии 5510 нафар - 2810 нафар (51%) занҳо ва 1064 нафар (19,3 %) ҷавонон мебошанд.

Аз ҷониби Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон 6 конференсия бо фарогирии 720 нафар, 25 мизи мудаввар бо фарогии 785 нафар, 275 мулоқоту вохӯрӣ бо фарогии 33585 нафар, 31 чорабинии фарҳангӣ, 15 чорабинии варзишӣ, 20 аксия ва озмун, 164 мақола дар рӯзномаҳои даврӣ, 579 мақола дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ, 14810 вокуниш дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ, 555 изҳорот, 35 видеоролик, 2 иштирок дар барномаҳои радио ва телевизиони давлӣ, 12 хониши сиёсӣ, 200 нафар аёдат шуданд (25 аз ҷониби кумитаҳои иҷроия, 107 аз ҷониби вакилон ва 68 аз ҷониби фаъолон) шанбегиҳо ва дигар чорабиниҳо баргузор карда шуданд.

Дар идомаи сухан фаъолияти тарғиботиву ташвиқотии шуъбаҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ муфассал таҳлил гардида, зикр карда шуд, ки ҳизбиён бо иҷрои амалҳои хайру наку, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ, ташаббусҳои созанда минбаъд низ фаъолият намуда, барои амалӣ намудани талаботи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, дастуру супориш ва иқдомҳои неку созандаи Сарвари муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору супоришҳои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии ҳизб ҷаҳду талош хоҳанд кард.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии“Шаҳраки Сирдарё ” Мушараф Охунова ба музокира баромада, фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистонро дар соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ намуд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ баромад намуда иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлол маҳсуб ёфта, рисолат ва масъулияти гарони сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, созандагиву ободкориро бар дӯш дорад. Воқеан ҳам Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти худ тавонист, ки ҷомеаи Тоҷикистонро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намуда, баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум иқдомоти наҷибу шоистаеро рӯйи кор оварад. Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун барномаи мукаммали давлатдорӣ фарогири ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар масъалаҳо ҷомеаи мо мебошад.

Муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон зимни баромади хеш зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути ҳидоятҳои ибратомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун неруи тавонои пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои миллӣ нақши муассиру барҷаста дорад. Ҳар як аъзои ҳизб бо дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати дурбинона ва созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти шиори “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!” талош варзад.

Доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис ҳайати Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон таъсис дода шуд.

Зимнан, доир ба масъалаи сеюм ва чоруми рӯзномаи Маҷлиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр бо пешниҳоду муаррифӣ ва ҷонибдории аъзои фаъол пешбарӣ гардиданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Оқилзода Ғайрат зимни суханронӣ дар бораи Анҷумани XV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва самтҳои фаъолияти ҳизбиён вобаста ба талаботи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ андешаронӣ намуда хотирнишон намуд, ки тамоми ҳизбиён атрофи сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати кишвар муттаҳид бошанд ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвоим миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор диҳанд.

Ба номзадҳои ҲХДТ ба вакилии Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятӣ ва шаҳрӣ барору комёбӣ ва пирӯзӣ таманно карда шуд.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон анҷом ёфт.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:734
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1764
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4232
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12805
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7815
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68472
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8352388

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?