Матни равон

Санаи 22.01.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аз муассисаи давлатии гимназияи №1, собиқ бинои маркази таҳсилоти иловагии шаҳр, бахши фарҳанги шаҳр ва китобхонаи системаи марказонидашуда дидан намуд.

Нахуст иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аз муассисаи давлатии гимназияи №1 дидан намуда, бо ҷараёни таҳсил шинос шуда бо омӯзгорону хонандагон ҳамсуҳбат шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса 760 нафар хонанда таълим мегиранд ва ба онҳо 35 нафар омӯзгор дарс мегӯянд. Дар соли таҳсили 2023-2024 омӯзгорону хонандагони муассиса ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Як нафар хонандаи муассисаи дар даври ниҳоии олимпиадаи фаннии хонандагон соҳиби ҷойи дуюм ва медали нуқра гардид ва ҳамчунин як нафар омӯзгори муассиса дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ ккитоб аст” фаъолона иштирок намуд. Солҳои қаблӣ низ таълимгирандагони муассисаи дар озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби ҷойҳои намоён мегардиданд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба масъулин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, даст ёфтан ба натиҷаҳои назаррас дар озмуну олимпиадаҳо, фароҳам овардани шароити мусоиди таълим дастур дод.

Сипас, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аз бинои собиқи маркази таҳсилоти иловагӣ дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур ба таъмир ниёз дорад ва тибқи нақша он пурра таҷдиду азнавсозӣ карда мешавад. Илҳом Пӯлотзода ба масъулин ҷиҳати бо сифат таъмиру азнавсозӣ намудани бинои мазкур супориш дод.

Ҳамчунин, аз бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, китобхонаи системаи марказонидашуда дидан карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ихтиёри бахши фарҳанги шаҳр 10 китобхона, Кохи фарҳангии “Истиқлол”, 7 муассисаи клубӣ, 2 мактаби мусиқӣ, 2 мактаби санъат, 1 осорхона, ансамбли “Фалак”, дастаи ҳунарӣ-рақсии “Сафина”, 3 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва 3 гулгашт мавҷуд аст.

Дар шаҳр10 китобхона фаъолият мебаранд. Китобхонаи марказӣ ва бачагона дар бинои бахши фарҳанг ҷойгир шуда, 8 китобхона-филиалҳо дар ҷамоати шаҳракҳо ҷойгир шудаанд.

Дар китобхонаи системаи марказонидашудаи шаҳр 105,5 ҳазор нусха китоб маҳфуз буда, аз ин шумора 13,5 ҳазор нусха китоб бо забони давлатӣ, 87,3 ҳазор нусха бо забони русӣ ва 4,5 ҳазор нусха бо дигар забонҳо мебошанд.

Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ дар бинои бахши фарҳанг ҷойгир буда, дорои 5 шуъба: шуъбаҳои рассомӣ, санъат, хонаи миллӣ, ҳарбӣ-ватандӯстӣ, геология ва табиат, таърихи шаҳру шаҳракҳо ва 1 толор мебошад. Дар осорхона дар маҷмуъ 2958 нигора мавҷуд мебошад. Аз инҳо: 63 адад нигораи наққошӣ, 1135 адад сурат, 42 адад санъат, 7 адад ашёи археологӣ, 81 адад ашёи маишию этнографӣ, 536 адад ҳуҷҷат ва дигар аснод 1092 адад мебошад.

Ҳамчунин, аз ҷараёни корҳои таъмирӣ дар бино дидан карда шуда, дастур ддода шуд, ки корҳои таъмирӣ дар муҳлати муайян гардида бо сифати баланд ба анҷом расонида шаванд ва дар назди бино дарахтони ороишӣ шинонида шавад.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:758
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1764
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4256
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12805
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7839
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68472
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8352412

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?