Матни равон

Имрӯз, 24.01.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба шунавандагони курси омӯзишии пайравони Пешвои миллат дарси навбатӣ дар мавзуи “Масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак сармоягузорӣ ба хотири фардост” баргузор карда шуд.

Дар дарси мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ва муовини сардори шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Кароматов Хуршед иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, чӣ хеле ки мушоҳида мекунем имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои муҳими нигароникунанда ин паст шудани таълиму тарбияи насли наврас шудааст. Дар тӯли чанд соли охир ҳам аз тарафи волидайн ва ҳам аз тарафи муассисаҳои таълимӣ норозигӣ аз одобу ахлоқи хонандагон ба назар мерасад. Ҳамин боис шуд, ки аз тарафи Ҳукумати кишвар Қонун "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак"- ро ба тавсиб расонид. Бо вуҷуди ҳамаи ин то ҳол аз тарафи бархе аз волидон ба ин қонун чандон эътибор дода намешавад, ҳар чанд, ки ҳамеша аз пайи ташвиқ ва фаҳмондадиҳии он кӯшишҳо ба харҷ дода шавад ҳам.

Дараҷаи донишандӯзии хонандаҳо аз маҳорату малакаи омӯзгор вобаста аст, то чӣ андоза шавқу рағбати онҳоро бедор кардаву ангехта метавонад. Вале ин, ба қавле, нисфи кор аст, ки дар мактаб сурат мегирад. Нисфи дигараш аз падару модарон вобаста аст, ки дар хона бо фарзандонашон то чи андоза машғул мешаванд. Мутаассифона, солҳои охир бисёре аз волидайн барои фарзандонашон камтар вақт пайдо мекунанд. Инро мо ҳамчун омӯзгор дар ҷараёни таълими хонандаҳо пайваста мушоҳида мекунам. Аз тарзи ҷавоб додани мавзӯи супурда, навиштани дарси хонагӣ, ҳалли масъалаю аз ёд кардани шеър, тарзи либоспӯшӣ ва ғайра.

Мутафаккири барҷаста Муҳаммади Ғаззолӣ гуфтааст: «Фарзанд дар дасти падару модар амонат аст ва дили фарзанд нафису нақшпазир буда, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати ҳамешагӣ расад ва падару модар ва муаллим дар он савоб шарик бошад. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун».

Воқеан ҳақ ба ҷониби ин донишманд аст

«Маҳз баҳри тарбияи насли наврас Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» қабул гардид. Мақсади он пурзӯр намудани таълиму тарбияи наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ватандорӣ буда, дар ҳамин замина ба низоми таълиму тарбия низ таъсиррасонӣ мебошад. Мутаассифона, бо вуҷуди амалӣ гардидани чорабиниҳои зиёд дар ин самт мушоҳида мешавад, ки имрӯз наврасону ҷавононе низ ҳастанд, ки ба ҷойи иштирок дар дарсҳо ва дарсомӯзӣ ба баъзе корҳои беҳуда машғул мегарданд ва аз таълиму тарбия берун мемонанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки хонандагоне, ки таҳсилашон таҳти назорати волидайнашон мебошаду дар хона якҷоя дарс тайёр мекунанд, дониши хуб доранд. Дар ҳақиқат, имрӯз дар аксар хонавода волидайн барои худ ва фарзандон компютер, ноутбук, планшет харидаанд. Телефони мобилӣ ҳоҷати зикр ҳам надорад, зеро ҳоло хурду калон бе он як қадам ҳам намемонанд. Хуб аст доштани чунин техникаи ҳозиразамон, ки истифодааш ҷаҳонбинии талабаҳоро васеъ мекунад, аммо истифодаи огоҳона аз ин технология ба самари кор аст. Гузашта аз ин, вақти холии волидон, ки сарфи олами маҷозӣ мешавад. Дар мисоли «Вайбер» ва «Телограм». Ҳол он ки падар ё модар бегоҳ ё шаб агар ҳамагӣ як соат вақт ҷудо карда, аз мактабу хониши фарзанд пурсад, якҷоя дарс тайёр кунанд, он донише, ки талаба дар мактаб гирифт, мустаҳкам мешавад, аз чунин таваҷҷуҳу дастгирии волидайн рӯҳ гирифта, хубтар мехонад.

Вале, чуноне ки гуфтам, ба фарзандон кам аҳамият додани волидайн, ки дар хона вақташон беш аз пеш сарфи интернет мешавад, воқеияти рӯзгори имрӯзаи мост.

Ба ҳеҷ ваҷҳ ман масъулияти таълиму тарбияи хонандаҳоро пурра бар дӯши падару модарон бор карданӣ нестам,

танҳо ба он хотир инро мегӯям, ки мо як мақсади умумӣ дорем – парваридани дониши хубу ахлоқи ҳамида дар ниҳоди насли наврас. Ва дар ин кор бидуни «туву ман» мададгори ҳамдигар бояд бошем».

Коршиносон бар он назаранд, ки роҳи аз ҳар ҷиҳат санҷидаи тарбияи дурусти наврасон ба мутолиаи китоб ҷалб намудани онҳо мебошад.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1116
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1764
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4614
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12805
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:8197
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68472
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8352770

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?