26 Январ 2025
Санаи 25.01.2025 ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули шаҳрвандон доир гардид.
Сокинон доир ба масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд.
Илҳом Ппӯлотзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр ба масъулин доир ба баррасӣ намудани муроҷиатҳо дастур дод.
Ҳамчунин, ба масъулин доир ба масъалаҳои ҷорӣ ва тақвияти корҳои ободониву созандагӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.