Матни равон

Дар толори МД МТИ шаҳр ба шунавандагони курси омӯзишии пайравони Пешвои миллат дарси навбатӣ дар мавзуи “Нақш ва аҳамияти озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар худшиносиву худогоҳии миллӣ ва бедории маънавии ҷавонон” баргузор карда шуд.

Дар дарси мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ва мудири бахши адабиётшиносии Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ Исмоил Саидов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки озмунҳои ҷумҳуриявӣ яке аз дастовардҳои беназир дар самти илм дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб мераванд. Иқдоми мазкур таҳти сарпарастӣ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати равнақ додани донишҳои хонандагон ва дигар қишрҳои ҷомеъа ва ҳамчунин ҷиҳати ҷалб намудани мардум ба китобхонӣ роҳандозӣ шудааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки халқи тоҷик аз ҷумлаи мардум ва халқияте ба шумор мераванд, ки дорои таърихи куҳан ва фарҳангу маданияти ғанӣ мебошад.

Дар замони муосир, ки таъсири омилҳои сунъӣ боиси нуқс пайдо кардани фарҳанг ва маданияти мардум, махсусан насли ҷавон гардидааст, ташкил ва роҳандозии чунин озмунҳо ва ҳавасмандиҳо миёни ҷавонон ва қишрҳои гуногуни ҷамъият айни мудао мебошад.

Ташкили озмунҳо ба мисоли озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи сӯбҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм - фурӯғи маърифат” барои беҳтар гардидан ва дарёфти чеҳраҳои илмӣ мусоидат мекунад.

Аҳли хирад ва донишмандон имрӯз нақши озмунҳои ҷумҳуриявиро дар замони соҳибистиқлолии кишвар хуб дарк карданд ва донистанд, ки ташкили чунин озмунҳо дар ҷомеъаи имрӯз саривақтӣ мебошад ва месазад, ки дар оянда низ насли наврасро ба озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва ҳамчунин байналмилалӣ ҷалб намоем.

Чуноне ки ба мо маълум аст, ҳамасола дар ҷумҳурӣ якчанд озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор мегарданд ва самту равияҳои гуногун доранд. Бояд як нуктаро ба назар гирифт, ки ҳарчанд равияи ин озмунҳо гуногун ҳам бошад, вале ҳадаф якест. Ҳадафи асосии озмунҳои мазкур баланд бардоштани фарҳанг, дониш, маърифат ва маданияти мардуми тоҷик, хусусан насли навраси ин миллат ба ҳисоб меравад.

Озмуни “Фурӯғи сӯбҳи доноӣ китоб аст” озмуне ба ҳисоб меравад, ки ҳамасола дар сартосари ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд баргузор мегардад.

Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонии мардум, ҷиҳати пайдо намудани чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи маҳоратҳои эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ дар байни ҷомеа, ғанӣ гардонидани захираҳои луғавӣ, тақвият додани маданият ва маърифати ҳар як фард ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа ҳамасола ташкил ва баргузор карда мешавад.

Озмуни “Тоҷикистон ватани азизи ман” яке аз аввалин озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб меравад, ки бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил шудааст. Ин озмун хусусиятҳои фарҳангӣ ва санъатӣ дошта, мақсади асосии он пайдо намудани чеҳраҳои ҳунарманд, навозанда, сароянда, расом ва ғайра мебошад. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Тоҷикистон ватани азизи ман” дар сатҳи хеле баланд баргузор карда мешавад. Бояд қайд кард, ки шоҳҷоиза барои ғолибият дар озмунҳои мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи хеле зиёд муайян карда шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намудааст. Барои амалӣ намудани ҳадафи мазкур якчанд барнома ва дурнамо қабул карда шудааст, ки барои дар амал татбиқ намудани ҳадафи мазкур мусоидат менамояд. Яке аз барномаҳои ин ҳадаф, ташкил намудани озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” ба ҳисоб меравад. Ин озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ва вусъат бахшидани самтҳои илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба технологияи навин, вусъат бахшидани ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар мамлакат, алоқаманд намудани илм бо истеҳсолот, ҷалб ва роҳнамоии бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин барои дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нави ихтироъкорон баргузор карда мешавад. Ба боварӣ метавон қайд намуд, ки ин озмун дар рушди тафаккур ва инкишофи донишҳои техникии хонандагон ва донишҷӯён таъсири мусбӣ мерасонад.

Дар баробари озмунҳои зикргардида, бо ҳидоят ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 баргузории озмуни “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” роҳандозӣ карда шуд. Ҳадаф аз ташкили ин озмун, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллию фарҳангӣ ва донистани таърихи гузаштаи мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.

Озмуни “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ҷиҳати беҳтар намудани донишҳои таърихӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои волои таъриху фарҳанги миллат, шинохти миллӣ, эҳсоси ватандорӣ, баланд бардоштани маданият ва фарҳанги миллӣ, нақши ниёгони тоҷикон дар бунёдгузории тамаддунҳои бостон ва дигар паҳлуҳои миллӣ-таърихӣ, моҳияти бузург хоҳад дошт.

Моро месазад, ки ҷиҳати баланд бардоштани маҳорату малакаҳои насли наврас ва барои саҳми худро гузоштан дар пешрафти илм ва фарҳанг, чеҳраҳоеро омода намоем, ки чи дар дохили ҷумҳурӣ ва чи берун аз он номбардори миллат ва фарҳанги худ бошанд. Маҳз ҳамин гуна озмунҳо боис мегарданд, ки чеҳраҳои нави донишманд пайдо гардад ва номи миллати тоҷикро дар сартосари ҷаҳон баланд бардорад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1152
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1764
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4650
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12805
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:8233
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68472
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8352806

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?