31 Январ 2025
Санаи 29.01.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф дар Ҷамоати шаҳраки Консой шинос гардид.
Нахуст аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои муассиса ҳанӯз соли 1973 бунёд карда шудааст. Дар муассиса 937 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ба хонандагон 45 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд. Дар муассиса 6 кабинети фаннӣ мавҷуд аст, ки бо лавозимоти зарурӣ таҷҳизонида шудаанд. Дар муассиса тахтаҳои электронӣ, проектор ва компютерҳо мавҷуд аст, ки дар раванди таълим аз онҳо васеъ истифода бурда мешавад.
Илҳом Пӯлотзода иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр ба масъулин ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи муассиса, истифодаи самаранок аз замини корами назди муассиса, иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо ва ба даст овардани натиҷаҳои назаррас супориш дод.
Сипас аз МДТТ №11-и шаҳрак дидан карда шуд. Муассиса бо системаи ягонаи гармидиҳӣ муҷаҳҳаз буда, барои тарбияи кӯдакон шароит фароҳам оварда шудааст.
Зимни шиносоӣ Илҳом Пӯлотзода ҷиҳати таъмири майдончаҳои бозии кӯдакон, таъмири боми муассиса ва тозаву озода нигоҳ доштани муассиса дастур дод.