Матни равон

Санаи 05.02.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон дидан намуд.

Бо мақсади сарсабзу хуррам намудани шаҳрак бо иштироки Илҳом Пӯлотзода 200 бех дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ дар шафати роҳи даромадгоҳи шаҳрак шинонида шуд. Барои идомаи ин тадбирҳо ва ҳар чӣ бештар шинонидани дарахтони ороишӣ ба масъулини шаҳрак супориш дода шуд.

Дар идома иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аз ҶСК “Комбинати фулузоти нодири Ленинобод” дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки барои фаъолияти мунтазами корхона лоиҳаҳо барои сармоягузорӣ ба сармоягузорони хориҷӣ пешниҳод гардидааст ва дар ҳоли қабул гардидани лоиҳаҳо корхона ба фаъолияти истеҳсолӣ мепардозад.

Бо мақсади назорати натиҷаи лоиҳаҳо ва ҳар чи зудтар ҷалби сармояи хориҷӣ ва ба фаъолият идома бахшидани корхона ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамчунин, аз бинои “Хонаи маданият”-и шаҳрак дидан карда шуд. Аз ҷониби масъулин иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақша дар соли ҷорӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бинои “Хонаи маданият” таъмиру азнавсозӣ карда мешавад.

Илҳом Пӯлотзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр ба масъулин ҷиҳати босифати баланд ба роҳ мондани корҳои таъмирӣ, тибқи нақша ва дар муҳлати муайянгардида иҷро намудани корҳо супориш дод.

Ба раиси ҷамоати шаҳрак ҷиҳати иҷрои саривақтии иншооти ҷашнӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:863
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2224
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10293
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12509
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:39264
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68472
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8383837

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?