Матни равон

Санаи 05.02.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода зимни сафари корӣ ба шаҳраки Чоруқдаррон аз фаъолияти муассисаҳои соҳаи моарифи шаҳрак дидан намуд.

Нахуст аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳрак дидан карда шуд. иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи таълимии мазкур 971 нафар хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шудаанд ва ба онҳо 43 нафар омӯзгор дарс мегӯяд. Таълим дар муассиса бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Дар муассиса 10 кабинети фаннӣ бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Хонандагону омӯзгорони муассиса ҳамасола дар озмуну олимпиадаҳо фаълона иштирок менамоянд. Соли таҳсили 2023-2024 хонандагони муассиса дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 10 медал аз ҷумла 6 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ гардиданд. Ҳамчунин, як нафар омӯзгори муассиса дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фаъолона иштирок намуд. Ҳамчунин, хонандагони муассиса дар озмунҳои Стипендияи президентӣ ва Стипендияи Раиси шаҳр фаъолона иштирок намуда, ғолибият ба даст овардаанд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо ҷараёни таҳсил шинос гардида бо хонандагон ҳамсуҳбат гардид.

Сипас, ба масъулини муассиса ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани таълиму тарбия, ба тарзи замонавӣ оинабандӣ намудани муассиса, истифодаи самарноки боғи муассиса, нарм намудани бехи дарахтон ва ба роҳ мондани кишти сабзавот дар замини назди муассисаи супоришҳо дод.

Дар идома аз муассисаи давлатии таълимии томактабии №5 дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи мазкур 150 нафар тарбиятгиранда ба таълим фаро гирифта шудаанд. Кӯдакон дар 6 гурӯҳ тарбия мегиранд, ки 3 гурӯҳ бо забони русӣ ва 3 гурӯҳ бо забони тоҷикӣ амал мекунад.

Илҳом Пӯлотзода аз ҳолати таълиму тарбия дар муассиса, вазъи санитарию гигиенӣ, таъмини хӯрду хӯрок дидан намуд.

Ба масъулин ҷиҳати дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас таъкид карда шуд.

Ҳамчунин, ҷиҳати бунёди синфхонаҳои иловагӣ баро ду гурӯҳ дар шафати бинои кӯдакистон дастур дода шуд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:886
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2224
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10316
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12509
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:39287
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68472
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8383860

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?