17 Феврал 2025
Дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи саноати куҳӣ-металлургӣ ва истифодаи мақсадноку оқилонаи захираҳои табиӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда мешавад.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон корхонаи коркарди партовҳои истеҳсолии корхонаи муштараки “Апрелевка” бунёд гардида истодааст.
Зимни шиносоӣ бо раванди корҳои васлу насби таҷҳизоту дастгоҳ ва дигар тадбирҳои бунёдкориву созандагӣ ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маълумот дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхонаи нав коркарди то 100 тонна партов дар як шабонарӯз буда, дар он беш аз 150 нафар бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки корхонаи нави саноатӣ аз ҷониби ҶСК “Технологияи коркард” дар ҳамкорӣ бо корхонаи муштараки “Апрелевка” ва ширкати илмӣ-истеҳсолии “Спирит”-и Федератсияи Расия” бунёд гардидааст. Корхонаи муштараки “Апрелевка” аз корхонаҳои азими саноатӣ ба ҳисоб рафта, дар соҳаи истихроҷи маъдан фаъолият дорад ва садҳо нафарро бо кор ва маош таъмин намудааст. Коркарди партовҳои ин корхона бо истифода аз технологияи навтарин ва бо харҷи кам имкон медиҳад, ки тиллову нуқра истеҳсол карда шавад.
Ширкати “Технологияи коркард” азм дорад, ки ҳамкориро бо шарикон тақвият бахшида, бо истифода аз таҷрибаҳои пешрафта дар рушди саноати куҳӣ-металлургӣ саҳм гузошта, барои оқилона истифода шудани захираҳои табиӣ ва ноил гардидан ба дастовардҳои бештар аз имконоти мавҷуда самаранок истифода намоянд.
Раиси вилоят пас аз шиносоӣ барои татбиқи пурраи лоиҳа ва ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин супоришҳо дод.