Матни равон

Санаи, 21.02.2025 дар қисми ҳарбии 07746-и Маркази таълимии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба муносибати 32-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок намуданд.

Нахсут, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода сарбозону афсаронро ба муносибати 32-юмин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфт.

Зикр карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми имкониятҳоро ба ҳалли масъалаҳои бунёди инфрасохтор, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизот ва фароҳам овардани шароити зарурии хизмат ва зиндагӣ барои ҳайати шахсӣ сафарбар намуд.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандӣ ва вазифаи хизматии худро бо садоқат ба халқу Ватан иҷро карда, дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъият, безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор, яъне таъмин намудани волоияти қонун ва сулҳу субот дар кишвар саҳми воқеан таърихӣ гузошт.

Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозон қаҳрамониву фидокорӣ нишон дода, ба хотири барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҷони худро қурбон карданд.

Маҳз туфайли ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз Артиши миллӣ ба қувва ва сипари боэътимоди муҳофизкунанда табдил ёфтааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон мунтазам ҷиҳати дастгирии моддии қисмҳои ҳарбӣ кӯшиш ба харҷ дода, дар остонаи ҳар иду ҷашнҳо ба қисмҳои ҳарбӣ кумакҳо расонида мешавад ва ин амал дар оянда боз тақвият дода мешавад.

Ҳамчунин, прокурори шаҳри Гулистон Вазирзода Вазир Зокир низ сарбозону афсаронро ба ин муносибат муборакбод гуфт.

Сипас, аз вазъи буду боши сарбозон, анбори нигоҳдории маводи хӯрока ва ошхонаи қисми ҳарбӣ дидан карда шуд.

Дар ин рӯз барои сарбозон дастархони идона ороста шуда, барои болидахотирии онҳо аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини фарҳангӣ манзур карда шуд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:890
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2224
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10320
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12509
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:39291
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68472
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8383864

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?