Матни равон

Аз ҷониби бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2025, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 30 декабри соли 2024, №400 тасдиқ карда шудааст, санаи 21 феврали соли 2025 тамринҳои ситодии мудофиаи гражданӣ, дар мавзуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва ҳайати шахсӣ ҳангоми гузаштан аз замони осоишта ба замони ҷангӣ» дар шаҳри Гулистон бо ҷалби ҳайати шахсии бахши Раёсати КҲФ ва МГ-и вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон, хадамотҳои мудофиаи граждании шаҳр ва ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании шаҳр ва раисони ҷамоатҳо ташкил ва гузаронида шуд.

Тамриноти мазкур 21 феврали 2025 соати 16:00 бо ҷамъ намудани маълумотҳои дахлдор аз хадамотҳои мудофиаи граждании шаҳр, ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ зернизоми вазифави Низоми ягонаи давлатии шаҳр дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои муҳокимаи тамрини ситодӣ ва ҷамбасти он такроран ҷамъ оварда шуданд. Пас аз муҳокима ва баҳогузории тамринҳои ситодии мазкур аз ҷониби муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон ва сардори бахши Раёсати КҲФ ва МГ-и вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон подполковник Ализода Ш.Т. хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ зернизоми вазифави Низоми ягонаи давлатии шаҳр бо туҳфаҳо ва сипосномаҳои и.в. сардори мудофиаи гражданӣ-Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода қадрдонӣ карда шуданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1732
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3050
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14190
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22440
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:27746
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:85147
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8621327

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?