27 Феврал 2025
Имрӯз, 27.02.2025 дар толори МТМУ №10-и шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мутобиқи нақшаи баргузории вохӯрии номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулситон вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур Оқилзода Ғайрат Аҳмад - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, Расулов Абдумалик, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаи интихоботии “Умари Хайём” №21, Майнусов Абдулло, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаии интихоботии “Наврӯз” №22, Зарипов Мирзариф, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаии интихоботии “Баҳористон” №23, Комилзода Ҷаҳонгир, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаии интихоботии “Навобод” №24 ва шахсони боэътимоди онҳо иштирок намуданд.
Вохӯриро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Оқилзода Ғайрат Аҳмад ҳусни оғоз бахшида, мақсад ва моҳияти баргузории вохӯриро ба интихобкунандагон фаҳмонида, номзадҳоро ба интихобкунандагон шинос намуд.
Шахсони боэътимоди номзадҳо ба интихобкунандагон номзадҳоро муаррифӣ ва номзадҳо назди интихобкунандагон доир ба барномаҳои пешазинтихоботии худ маълумот доданд.
Интихобкунандагон таклифу пешниҳодҳои худро ба номзадҳо иброз намуданд. Номзадҳо доир ба пешниҳодҳо ва саволҳо посух доданд.
Дар поёни вохӯрӣ аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар интихобот фаъолона иштирок намуда, ба ҷонибдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки таҳти шиори “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон” бо барномаи мукаммали фарогири ҳамаи самтҳои муҳим барои солҳои 2025-2030 дар интихобот ширкат меварзад ва номзадҳои арзандаи он овоз диҳед.