04 Март 2025
27 феврал дар тарбхонаи “Форел”-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии "Кадбонуи беҳтарин" бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва ғолибони даври аввали озмуни мазкур доир гардид.
Зимни суханронии хеш муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ иброз дошт, ки бо мақсади тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани таомҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-713 ва қарори Раиси вилоят аз 24 феврали соли 2025, №57 “Дар бораи ташкил ва баргузории Озмуни вилоятии “Кадбонуи беҳтарин” озмуни мазкур доир гардида истодааст.
Боиси хушнудист, ки кадбонуҳои чирадасти шаҳри Гулистон бо маҳорати омода намудани таомҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат ва ҳунари баланди дастархонороӣ дар озмуни мазкур иштирок намуда, дар бахши “Омода намудани қурутоб” Матлуба Сатторова, сокини шаҳри Гулистон бо дипломи дараҷаи I ва туҳфаи хотиравии Раиси вилояти Суғд сарфароз гардонида шуд.