12 Март 2025
Имрӯз, 12.03.2025 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо садо додани Суруди миллӣ Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода иҷлосияро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар кори иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати ҳафтум аз 35 нафар вакилони интихобшуда 35 нафар иштирок доранд. Ба кори иҷлосияи имрўза муовини якум, муовини Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳр даъват шудаанд ва дар толор ҳозиранд.
Зикр шуд, ки дар иҷлосия муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ низ ҳузур дорад.
Дар Иҷлосия тибқи рӯзнома масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
1 Тасдиқ намудани ваколати вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон.
2. Тасдиқи Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон;
3. Тасдиқи Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон;
4. Ташкили комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон ва интихоби ҳайати онҳо;
5. Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум аз 26 декабри соли 2024, №267 "Дар бораи қабули буҷети шаҳри Гулистон барои соли 2025";
6. Тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр;
7. Пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2.
Аз рӯйи масъалаи якум “Дар бораи эътироф кардани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтум” раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси шаҳрӣ Лоҳур Назришозода баромад намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Дар асоси талаботи моддаҳои 25 ва 27 –и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» аз 10 то 25 январи соли 2025 пешбарии номзадҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсии дар ҳудуди шаҳр фаъолияткунанда ва шаҳрвандон бо роҳи худпешбарӣ ва аз 25 январ то 9 феврали соли 2025 аз ҷониби комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бақайдгирии номзадҳо гузаронида шуд.
Дар 35 ҳавзаҳои интихоботии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон номзадҳо аз тар қи ҳизбҳои сиёсӣ ва ба таври худпешбарӣ пешниҳод шуданд.
Рўзи 2 марти соли 2025 дар интихобот овоздиҳандагон иштирок карданд. Комиссияи шаҳрӣ мутобиқи моддаҳои 42, 43 ва 44 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ҳамаи протоколҳои комиссияҳои участкавии интихоботиро ба пуррагӣ омўхта, ба хулоса омад, ки дар 35 ҳавзаҳои шаҳрӣ интихобот муташаккилона баргузор гардида, дар рафти интихобот ягон эрод ё эътироз ба таври шифоҳӣ ё хаттӣ пешниҳод нагардид.
Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон дар асоси далелҳои зикршуда ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр пешниҳод менамояд, ки ваколати вакилони халқи шаҳри Гулистонро, ки санаи 2 марти соли 2025 интихоб шуданд, эътироф намояд.
Сипас, руйихати вакилони интихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон даъвати ҳафтумро ба таваҷҷўҳи ҳозирин расонида шуд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода гуфт, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ҳар як вакили Маҷлиси вакилони халқ баъди тасдиқи ваколатҳояш дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ бояд савганд ёд кунад.
Сипас 35 вакили навинтихобгардидаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр бо навбат савганд ёд намуданд, ки дар он аз ҷумла зикр мешавад:
“Ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон бо дарки масъулият савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, тамоми неру ва донишу таҷрибаи худро барои рушди давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, уҳдадориҳои вакилии худро содиқона ва поквиҷдонона иҷро менамоям.”
Баъди тасдиқи муқаррароти расмӣ вакилон масоили дар рӯзнома муқарраршударо баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Зимни баррасии масъалаи «Оид ба пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2» иттилоъ дода шуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, таҳти № 882 «Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2024, №1 интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2025 баргузор мегардад. Пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ аз 12 марти соли равон оғоз ёфтааст.
Дар асоси моддаи 32 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори кўҳистони Бадахшон ва вилоятҳо дар суръати мавҷуд будани кворум пешбарӣ карда мешаванд. Қарори иҷлосия дар бораи пешбарии номзад бо аксарияти овози вакилони Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ба таври пинҳонӣ қабул карда мешавад.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаи интихоботии Ваҳдат, № 10 Шарифҷони Саидраҳмон дар бораи пешниҳоди номзадии Раҷаббой Аҳмадзода ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
Вакилон онро якдилона дастгирӣ намуданд.
Ҳамин тавр, тибқи муқаррароти пешбинишуда ва расмиёти иҷлосия номзадии Раҷаббой Аҳмадзода Раиси вилояти Суғд”, ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2 пешбарӣ карда шуд.
Сипас вакилон рўйхати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳрро ба ҷаласаи якҷояи мақомоти маҳаллии намояндагии вилояти Суғд дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ пешниҳод ва онро тасдиқ карданд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ доир ба фаъолияти минбаъдаи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, саҳмгузории онҳо дар рушди минбаъдаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр таъкид намуд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода кори Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон даъвати ҳафтум ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла афзуд, ки ҳар кадоми моро зарур аст, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳри азизамон содиқона заҳмат кашем, корҳои бунёдкориву созандагӣ, дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба роҳ монда, соҳибкориву сармоягузориро такон бахшем ва ҳарчӣ бештар ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, самаранокии идоракунии давлатиро таъмин гардонем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон аз 28 декабри соли 2024 қайд карданд, ки “Мо вазифадорем, ки ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқ-лоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рўз ва ҳамеша саъю талош намоем.
Хусусан, мо бояд тамоми саъю талоши худро ба хотири амалӣ намудани корҳои ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешбини-гардида, яъне ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардумамон равона созем”.
Аз ин лиҳоз бояд ҳар яки мо ба хотири ободии Ватан, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагиамон аҳлона заҳмат кашида, дар вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ободониву созандагӣ дар ҳавзаҳои интихоботии худ ва амалӣ намудани сиёсати давлат дар маҳалҳо саҳми ватандўстона гузорем. Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватана-монро сидқан дўст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем.
Бо садо додани Суруди миллӣ Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати ҳафтум анҷом пазируфт.