Матни равон

Имрӯз, 15-уми март дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷашн гирифта мешавад. Ҳадаф аз он тарғиби ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон зимни хариди молу маҳсулот баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Бо ин мақсад масъулини шуъбаи иқтисод, савдо ва мониторинги МИҲД-и шаҳр дар ҳамкорӣ бо бахши кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳр ва маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологии шаҳр дар бозори марказии шаҳр, хиёбонҳо ва нуқтаҳои савдо бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуданд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи шаҳрвандон ҳамчун истеъмолкунанда барои харидани моли дорои сифати муносиб ва ба ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар кафолат медиҳад. Инчунин шаҳрвандонро аз харидани ашёи пастсифате, ки ба вазъи иқтисодии онҳо созгор нест, ҳимоя менамояд. Бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул шудааст.

дар ин қонун ҳуқуқҳои асосии истеъмолкунандагон, аз ҷумла ҳимояи ҳуқуқҳои ҳар истеъмолкунанда аз ҷониби давлат, ҳимоя аз хавфи харидории моле, ки ба ҳаёт, саломатӣ, бехатарӣ таҳдид менамояд ва ё ба поймол намудани ҳуқуқҳои қонунии шаҳрванд сабабгор мешавад, ба таври ройгон бартараф намудани нуқсони мол ё иваз намудани он, ҷуброн намудани арзиши мол ва ё мутобиқан паст намудани нархи он, барқарор намудани хисороти маънавие, ки дар натиҷаи истифодаи моли номатлуб ба миён омадааст, маълумоти пурраву дақиқ дар хусуси моли харидашавандаю тарзи хизматрасонии он ва ба истеъмолкунанда фаҳмонидани ҳуқуқҳои ӯ нишон дода шудаанд.

«Тибқи талаботи қонун, истеъмолкунандае, ки ба ӯ моли бесифат фурӯхтаанд ва ӯро фурӯшанда аз ин хусус огоҳ нанамудааст, ҳуқуқ дорад бо хости худ талаб намояд, ки он ба моли дигари ҳамин тамға ё ба ҳамон навъ моли тамғаи дигар иваз шавад. Ҳамчунин фурӯшанда бояд нуқсони молро бемузд бартараф ё маблағеро, ки барои ислоҳи он аз ҷониби истеъмолкунанда ё шахси сеюм харҷ шудааст, ҷуброн намояд. Ҳамчунин истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад, ки ҷуброни пурраи зарари дар натиҷаи фурӯхтани моли бесифат ба ӯ расидаро талаб намуда, иваз намудани молҳои мураккаби техникӣ ва гаронбаҳоро дар ҳолати ошкор шудани нуқсони ҷиддӣ дар муддати то 14 рӯз талаб намояд».

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:556
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1230
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3637
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20189
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:91870
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:64781
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8501224

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?