19 Март 2025
Имрӯз, 19.03.2025 дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон тибқи нақшаи кории прокуратураи шаҳр вохӯрӣ доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28.12.2024 "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ” ва пешгирии қонуншиканӣ дар самти замин бо иштироки сокинони шаҳрак баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Прокурори шаҳри Гулистон, мушовири адлияи дараҷаи 1 Вазирзода Вазир Зокир, муфаттиши калони прокуратруаи шаҳр Шамсулло Раҳматуллозода ва раиси ҷамоати шаҳрак иштирок намуданд.
Вазирзода Вазир Зокир прокурори шаҳр зимни суханронӣ зикр намуд, ки Паём яке аз муҳимтарин санадҳои барномавие аст, ки дар он на танҳо воқеияти имрӯз, балки эҳтимоли равандҳои ояндаи дохилӣ, минтақавӣ ва глобалӣ аз нигоҳи илмӣ баён гардидааст. Аз ин рӯ, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро бо камоли дақиқият ва аз лиҳози таҳлилҳои воқеъбинонаю дурандешона муайян менамояд ва барои мардуми мамлакат чун дастури раҳнамо ба сӯйи созандагию бунёдкориҳои нав хизмат менамояд.
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" ба Маҷлиси Олии кишвар фарогири ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад. Дар он бурду бохти ҳамаи самтҳо ва дурнамои рушди ояндаи онҳо тавзеҳ ва баррасӣ гардид.
Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: “Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.
Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.
Ҳамчунин, доир ба талаботи Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ”, ҷалби шаҳрвандони синну соли даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии қонунвайрокунии замин таъкид карда шуд.
Ҳамчунин, доир ба пешгирии экстремизм ва терроризм таъкид карда шуд, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ вобаста ба он санадҳои меъёрию ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ шуморида,барои тақвияти ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир меандешад.
Новобаста аз он, ки халқи тоҷик дар даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оид ба хатарҳои мудҳиши терроризм ва экстремизм сабақи таърихӣ гирифта, ин падидаҳои манфии ҷомеаро ҳамчун амалҳои "Аҳриманӣ" маҳкум менамояд то ҳол масоили пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пурра ҳалли худро наёфтааст .
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ ,Пешвои миллат ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба намояндагони ҷомеаи кишвар ибрози назар намуданд, ки "Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгаро васеъ истифода гардидани технологияҳо муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи Интернет мутаасифона аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омада ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад".Барои ба ҳадаф расидан террористону экстремистон бештар аз шабакаҳои иҷтимоӣ (Одноклассники,Facebook, Twitter ва ғайра) ва мессенҷерҳо (WhatsApp, Viber, Telegram, Facebook Messenger, Skype,ICQ, Google Hangouts ва ғайра) истифода менамоянд.
Ҳар як фарди ҷомеаро мебояд, ки бар зидди ин падидаҳои номатлуб мубориза барад.