20 Март 2025
19-уми марти соли 2025 аз тарафи прокурори шаҳри Гулистон мушовири адлияи дараҷаи 1 Вазирзода Вазир Зокир дар Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон бо истиқоматкунандагони шаҳрак қабули сайёри шаҳрвандон гузаронида шуд.
Аз тарафи прокурори шаҳр муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон қабул карда шуда, вобаста ба моҳияти муроҷиатҳо талаботҳои қонунгузориҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ дар самти замин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ” ва Кодекси оила тавзеҳот дода шуд.
Ташаббуси мазкур аз ҷониби прокуратураи шаҳри Гулистон иқдоми наҷибест, ки бо роҳандозӣ намудани он сокинони ҷамоати шаҳракҳои дурдаст муроҷиатҳои худро манзур намуда, доир ба масъалаҳои мавҷуда посухи мушаххас мегиранд.