20 Март 2025
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Ба сарзамини соҳибистиқлоли мо боз иди мубораку файзбахши баҳор ва ҷашни қадимтарину зеботарини аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯзи байналмилалӣ қадами мубораку зиндагисози худро гузошт. Наврӯз барои миллати мо чун соли нави аҷдодӣ ва иди баҳор арзиши бузург дошта, боиси ифтихору сарбаландии ҳар як фарди ватандӯсти Тоҷикистон мебошад.
Ба ин муносибат кулли сокинони шаҳри азизамонро сидқан муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатӣ, рӯзгори обод, бахту саодат, дастурхони пурфайз ва сари баланду барори кор орзумандам.
Тавассути Истиқлоли давлатӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз файзу баркати хосаи иди бузургтарини аҷдодӣ ва миллӣ шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуда, он ба густариши оинҳои ниёгонамон мусоидат карда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ташаккули маънавият такони нерубахши худро эҳдо кардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба ифтихори ҷашни Наврӯз таъкид намуданд, ки: "Наврӯз айёми гузариш ба фасли нави зиндагӣ, пирӯзии гармӣ бар сардӣ, ҷашни равшанӣ ва нур, дӯстиву муҳаббат, шодиву хурсандии ҳамагонӣ ва шукуфтани орзуҳо мебошад.
Аҷдоди фарҳангиву тамаддунсози мо тавонистаанд, ки ҷашни Наврӯз ва расму ойинҳои онро дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳифзу нигоҳдорӣ карда, то ба рӯзгори мо расонанд.
Наврӯз, ки решаҳои он аз суннатҳои фарҳангии ниёгони мо сарчашма мегиранд, рамзи эҳтиром ба табиат, арҷгузорӣ ба арзишҳои инсондӯстона ва қаробату ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад".
Аз рӯи анъана мардуми тоҷик дар арафаи ҷашни Наврӯз ботини худро аз кинаву кудурат ва андешаҳои носолим пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашонро тозаю ороста менамоянд. Муҳимаш мардуми мо дар ҷашни Наврӯз бо меҳру шафқат сӯи якдигар оѓӯш мекушоянд, ба аёдати пирону барҷомондаҳо мераванд, дасти ятимону бепарасторонро мегиранд ва саховату ҷавонмардиро вазифаи муқаддасу қарзи инсонии хеш мешуморанд.
Наврӯзи имсола бо қадами муборакаш аз фаро расидани мавсими навбатии ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ва хуштарҳу зеботар намудани манзилу макони зист башорат медиҳад. Қарзи шаҳрвандӣ ва маданияти шаҳрдорӣ аз ҳар як фарди бонангу номус, ватанпарвару худогоҳу ҳимматбаланд тақозо менамояд, ки ақаллан як ниҳол шинонанд, табиатро сарсабзу хуррамтар намоянд, кӯчаю хиёбон, ҷойи кор ва гузару маҳалли зисташонро ба тартиб оранд. Ин амалҳои нек ва садоқатмандона туҳфаи муносибе мегардад, ба истиқболи дигар идҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ва омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар.
Бори дигар фарорасии ҷашни таърихиву ҳамешаҷавон - Наврӯзи хуҷастапай муборак бод. Бигузор, ҳар рӯзи умри Шумо мисли Наврӯз саршори шодию нишот ва орзуҳои наҷиб бошад!
Ҷашни Наврӯзи байналмилал муборак бод, ҳамшаҳриёни азиз!