Матни равон

Имрӯз, 22.03.2025 дар шаҳри Гулистон Ҷашни Наврӯзи байналмилал бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Дар тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳр намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо иштирок доштанд. Ҳамчунин, меҳмонон аз кишварҳои Эрон, Руссия, Беллоруссия ва Ӯзбекистон ва оммаи васеи сокинони шаҳр ба тамошои тантанаҳои идонаи наврӯзи шаҳрӣ омада буданд.

Меҳмононро санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр бо навои карнаю сурнай дар ҷашнгоҳ пешвоз гирифтанд. Хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо қироати шеърҳо дар васфи Наврӯз меҳмононро ба ҷашнгоҳ хайрамақдам гуфтанд.

Таълимгирандагони МД “Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон” навъҳои гуногуни бозиҳои миллиро ба намоиш гузоштанд.
Сипас, баҳри тақвияти дӯсти миёни халқҳо намунаи расму оини ҷашнгирии Наврӯзи тоҷикон, ӯзбекон ва қирғизон ба меҳмонон муаррифӣ карда шуд.
Дар идома меҳмонон аз аз хаймаҳои наврӯзии ҷамоати шаҳракҳо, ки муаррифигари расму оини суғдӣ, хатлонӣ, бадахшонӣ, зарафшонӣ будан дидан карда, доир ба ин ё он хусусияти хоси анъанаҳои наврӯзӣ бо сокинон ҳамсуҳбат гардиданд.
Ҳамчунин, аз хаймаҳои оростаи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, осоишгоҳҳо, коллеҷи тиббӣ, корхонаҳҳои саноатӣ дидан намуданд.
Дар гӯшае аз ҷашнгоҳ занони фаъол шоҳтаоми Наврӯз – суманак омода менамуданд ва ошпази моҳири шаҳр оши палов.
Ҳамзамон, дар идома меҳмонон аз навъҳои гуногуни бозиҳои варзишӣ аз қабилӣ гӯштингирӣ, шоҳмот, бокс, футбол, волейбол ва бандкашӣ, ки аз ҷониби таълимгирандагони мактаби варзишии шаҳр пешниҳод гардид дидан намуданд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода зимни боздид аз ҷашнгоҳ ба ҳунару маҳорати иштирокчиёни чорабинии наврӯзӣ баҳои баланд доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:520
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1230
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3601
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20189
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:91834
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:64781
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8501188

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?