28 Март 2025
Шоми дирӯз дар Осоишгоҳи “Баҳористон”-и вилояти Суғд барномаи фарҳангии бошукӯҳ таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” бо иштироки аҳли фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид.
"Шоми дӯстӣ" дар доираи чорабиниҳои наврӯзӣ баргузор шуда, ҳадаф аз он таҳкими равобити дӯстона ва фарҳангии кишварҳои ҳамсоя мебошад. Меҳмонон аз кишварҳои дӯст ба вилояти Суғд бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои ҷашнии наврӯзӣ ташриф овардаанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ меҳмонони олиқадрро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфт ва ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори фарорасии Наврӯзи хуҷастапай самимона табрику таҳният намуд. Ӯ таъкид кард, ки Наврӯз чун рамзи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷаҳон шинохта шуда, нақши муҳиме дар тақвияти муносибати миёни халқҳо мебозад.
Чорабинии “Шоми дӯстӣ” дар фазои гарму дӯстона ба поён расид ва барои иштирокчиён дастархони идона ва наврӯзӣ густарда шуд.