Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Боиси шукргузорӣ ва саодатмандист, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, пайкори созандаву бунёдкорона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди Тоҷикистон имсол низ зери фазои сулҳу озодӣ, ваҳдату ҳамдилӣ Иди саиди Фитрро ҷашн мегиранд.

Иди саиди Фитр таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ, файзу баракат, хайру эҳсон ва рӯҳияи инсонпарварона ба ҳисоб рафта, фарорасии ин иди саидро ба кулли сокинони шарафманди шаҳри Гулистон самимона табрик намуда, бароятон сиҳатмандиву саодати рӯзгор ва хайру баракат орзу менамоем.

Доир ба фазилати ин моҳ ва рӯзи Иди саиди Фитр Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, барои мардуми мусулмон моҳи муқаддас ба шумор меравад. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар бедор месозад ва онҳоро ғолиби нафсу ҳомии рӯҳ мегардонад. Мардуми мо дар арафа ва рӯзи иди мубораки Фитр ба зиёрати падару модарони худ, аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кумак мерасонанд».

Ҳамчунин дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Иди саиди Фитр таъкид намуданд, ки: “Аз ҷумлаи анъанаҳои хубе, ки мардуми мо онро ба истиқболи иди сайиди Фитр анҷом медиҳанд, манзилу маҳалли зисти худро тозаву озода кардан, либоси тоза пӯшидан ва ҳамдигарро бо шодиву нишот табрик намудан аст.

Дигар анъана ва суннати неке, ки дар рӯзҳои ид анҷом дода мешавад, ба ниёзмандон хайру саховат кардан мебошад.

Вобаста ба ин, бори дигар хотирнишон месозам, ки фитри рӯза ва хайротро ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва беморону бепарасторон додан савоби бештар дорад, зеро чунин шахсон ба гирифтани ҳар гуна хайрот, аз ҷумла садақаи фитр дар навбати аввал ҳақдор мебошанд.

Офаридгор дар мавриди садақа додан мо – инсонҳоро таълим медиҳад, ки танҳо пайи нафси хеш набошем ва дар фикри якдигар бошем, зеро инсоният танҳо дар ҳамбастагӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ саодатманд мегардад".

Барҳақ, дар ин моҳи муборак анҷом додани амалҳои неку писандида, дастгирии якдигар, таҳаммулпазирӣ, ба ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва муҳтоҷон кумак намудан волотарин арзишҳои дини мубини ислом ва беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Бузургони мо фармудаанд, ки савоби навозиши дилшикастагон беназир буда, аз фазилати ҳаҷҷи Акбар ҳам зиёдтар аст. Ба эҳтиёҷмандону дармондагон додани фитри Рӯза низ савоби зиёд дорад. Чандин сол аст, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар арафаи идҳои суннатӣ корхонаву ташкилот ва муассисаҳои шаҳру шаҳракҳо, сохторҳои тиҷоратӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа, беморону барҷомондагон, ятимону пирони танҳо кумак мерасонанд. Ин хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, маҷрӯҳону пирони танҳо, ки дар рӯзҳои ид чашми умед сӯи мову шумо дӯхтаанд, қарзи инсонӣ ва исломии ҳар фарди худоҷӯй ва инсондӯст мебошад.

Бори дигар ҳамагонро бо Иди саиди Фитр табрик гуфта, барои ҳар яки Шумо хонаи обод, ризқи фаровон, тандурустӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям. Бигзор, сулҳу субот, оромиву осоиш, файзу баракат ва фаровонии рӯзгор дар Ватани маҳбубамон ҳамеша ҳукмфармо бошад.

Иди саиди Фитр муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:867
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:0
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:867
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9966
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:99066
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:64781
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8508420

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?