Матни равон

Имрӯз, 04.04.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи Комиссияи даъвати баҳорӣ таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода баргузор карда шуд. Дар ҷаласа раиси комиссияи даъват, комиссари ҳарбӣ ва аъзои комиссия иштирок доштанд.

Дар кори ҷаласа Рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2025, №967 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ва вазъи сафарбарӣ ва вазифагузорї барои даъвати баҳории љавонон ба сафи Ќуввањои мусаллањи Љумњурии Тољикистон баррасӣ карда шуданд.

Кори ҷаласаро иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода оғоз намуда, зикр дошт, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2025, №967 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ба тавсиб расидааст ва тибқи он Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2025 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд.

Ҳамчунин, Моҳҳои апрел-майи соли 2025 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Аз рўи масъалаи якуми ҷаласа комиссари ҳарбии шаҳри Гулистон Сатторзода Хайрулло доир ба вазъи сафарбарнамоии даъватшавандагон дар шаҳр маълумот дод.

Сипас, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аз раиси Комиссияи даъват, масъулини комиссариати ҳарбӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо, раисони маҳаллаҳо доир ба рафти сафарабарнамоии даъватшавандагон пурсиш ба амал оварда, барои босифат, бенуқсон ва пеш аз муҳлат ба иҷро расонидани нақшаи даъвати баҳорӣ супоришҳои мушаххас дод.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2834
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3502
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2834
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16281
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:18234
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8526668

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?