Матни равон

Имрӯз, 07.04.2025 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар  МТМУ №8 Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бо ҷавонон доир ба “Нақши Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва таҳкими дӯстиву сулҳофаринӣ” вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯриии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши корн бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Содиқзода Рухшона сардори шуъбачаи кор бо ноболиғог ва ҷавонони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, намояндаи ҷамоат ва директори муассисаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.


Зикр карда шуд, ки санаи 31-уми март дар доираи сафари кории сарони давлатҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба вилояти Суғд нишасти сарони се кишварҳои ба ҳам дӯсту бародар ба вуқуъ пайваст ва дар ҷараёни он маросими имзои шартнома  миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ доир гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти ин рӯйдод таъкид намуданд, ки: “Бовар дорам, ки  аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт”.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки санаи 13-уми марти соли 2025 бешубҳа дар таърих равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-13-уми марти соли ҷорӣ бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон қарор доштанд. Дар доираи ин сафари давлати як қатор рӯйдодҳои муҳим ба вуқӯъ пайваст, аз ҷумла музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Дар музокрироти мазкур  вобаста ба густариши муносибатҳо дар бахши ояндадори саноат, ташкили корхонаҳои муштарак, ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, пеш аз ҳама CASA-1000, истифодаи захираҳои об, рушди робитаҳои нақлиёту коммуникатсия, истифодаи мутақобилан судманди имконоти транзитӣ ва нақлиётӣ, Тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш, муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, зуҳуроти радикализм, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла киберҷинояткорӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сарони давлатҳо мубодилаи афкор намуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд ва дар маҷмуъ 16 санади нави ҳамкорӣ ба тасвиб расид.
Муҳимтарин рӯйдод дар доираи ин сафар ба нуқтаи ниҳоӣ расидани музокиротҳои тӯлонӣ дар бораи сарҳади давлатӣ миёни ду кишвар мебошад. Лозим ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон наздик ба 1000 км хати сарҳадӣ доранд ва ҳанӯз дар замони Шӯравӣ ва ҳамчунин то соли 2011 ҳудуди 519 км марзи ду давлат муайян ва аломатгузорӣ гардида буд. Номуайянии хати сарҳад дар ҳудуди боқимонда борҳо сабаби сар задани муқовиматҳои мусаллаҳон гардида, боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ гардида буд.
Низоъҳои ба вуҷуд омада, на танҳо ба муносибатҳои сиёсӣ, балки ба муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодии дуҷониба низ таъсири манфӣ расонид.
Агар то соли 2013 гардиши тиҷорати хориҷӣ байни ду давлат афзоиш ёфта, ба 484,4 миллион доллар ИМА баробар шуда бошад, пас аз он ин нишондиҳанда мунтазам тағйир ёфта, умуман тамоюли пастшавӣ дорад. Соли 2021 ин нишондиҳанда ба 25,8 миллион доллари ИМА баробар гардида буд. Дар моҳҳои январ – июли соли 2022 гардиши тиҷорати хориҷӣ бо Қирғизистон ба 8,5 миллион доллари ИМА баробар гардид, ки 53,3% ҳамин давраи соли 2021-ро ташкил медод.

Хушбахтона бо талоши Сарварони давлатҳо гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон тули се сол фаъолияти густурда намуда, борҳо сари миззи музокирот нишаста, тақдири 486 км ҳудуди боқимондаи хати сарҳадии ду давлатро бо назардошти манфиатҳои ҳар ду ҷониб мувофиқа ва лоиҳаи онро ба сарони давлатҳо пешниҳод намуданд. Пас аз имзо гузоштан рӯйи санад ин мушкилоти чандинсола миёни ду кишвар ҳалли ниҳоии худро ёфт. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд. Он гунае ки ба назар расид, сокинони ҳар ду кишвар ин рӯйдоди таърихиро бо шукуҳу шаҳомат ва шодии бе ҳаду канор истиқбол намуданд.
Ҳамзамон, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ду давлатро бо ин дастоварди таърихӣ таҳният гуфта, роҳбарӣ, азми қавӣ ва иродаи сиёсии онҳоро барои муваффақона ба анҷом расонидани раванди музокироти дарозмуддат баланд арзёбӣ кард.
Инчунин, Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расидани Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатиро, ки таҷассумгари иродаи неки тарафҳо оид ба ҳалли масъалаҳо бо роҳи осоишта дар руҳияи машваратҳои баробар, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром мебошад, истиқбол намуд.
Дар ин баробар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) низ аз имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ хуб истиқбол намуд.
Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ изҳори боварӣ менамояд, ки шартномаи баимзорасида барои рушди минбаъдаи дӯстӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ байни миллатҳои бо ҳам дӯсту бародари Тоҷикистон ва Қирғизистон, инчунин  рушди иқтисодӣ ва инкишофи мутаносиби ҷамъиятҳои ҳарду давлат хизмат менамояд. Як қатор кишварҳои ҷудогона низ аз ин рӯйдод ҷонибдорӣ намуданд.
Ҳамзамон, доир ба дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханрони карда шуд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2238
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2375
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6328
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17903
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:39631
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8548065

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?