Матни равон

Санаи 16.04.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои семоҳаи аввали рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр баргузор карда шуд.
Дар маҷлиси фаъолон муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва  Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода иштирок доштанд.
Ҳамчунин, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони корхонаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода кори маҷлиссро оғоз намуд.
Доир ба натиҷаҳои семоҳаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода маърӯза намуд.
Зикр карда шуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои ҳадафманд ва чорабиниҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дар семоҳаи аввали соли 2025 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 87,4 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 122,0 фоизи иҷрои нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 15,9 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид.  Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 25,6 миллион сомонӣ буда, 30,5 миллион сомонӣ ё ин ки 119,0 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 4,9 миллион сомонӣ  зиёд  маблағ ворид гардид.
Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми се моҳи соли 2025 ба маблағи 1 миллиарду 223,6  млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои амалкунанда 153,5% фоиз мебошад. Аз ин 96,3%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 3,7 фоизи он ба ҳизматрасонии пулакӣ ва ба сектори хусусӣ мансуб аст.
Муштариёни шаҳри Гулистон дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 48,1 миллион сомонӣ қувваи барқ истифода намуда, дар ин давра 46,1 миллион сомонӣ  пардохт намудаанд, ки ин нишондиҳанда 96,0 фоизро ташкил медиҳад.
Аз 508/251 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр то санаи 01.04.2025  264/136 нафар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд, ки 51,9%-ро ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди шаҳр дар умум 136 иншооти варзишӣ фаъолият дошта, аз ин теъдод 56 майдончаи варзишӣ, 6 ҳавзи шиноварӣ, 6 варзишгоҳ, 26 толори варзишӣ ва 34 майдончаи бозии кӯдакона мебошад.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ  1047 меҳмони хориљӣ ва 3827 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф оварданд, ки дар маҷмуъ 4871  нафар истироҳат намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 536 нафар зиёд буда, 112,4 фоизро дар бар мегирад.
Ҳаљми маблағи воридшуда дар ин давра аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 8,8  миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 миллион сомонӣ зиёд буда, 123,7 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, доир ба дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр низ маълумот дода шуд.
Сипас, Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода доир ба натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи якуми соли равон аз мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва роҳбарони корхонаҳо пурсиш ба амал овард.
Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ доир ба фаъолтяти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр дар давоми семоҳаи аввали соли 2025 изҳори назар намуда.
Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода баҳри фаъолияти пурсамару бонизом ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:541
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3224
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14154
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17903
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:47457
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8555891

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?