28 Апрел 2025
Санаи 24.04.2025 раиси Федератсияи футболи шаҳри Гулистон, раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода бо ҳайати футболбозони дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон вохӯрӣ анҷом дод. Дар вохӯрии мазкур муовини раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, сарпарасти соҳа, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, сармураббии даста Фаррух Ниёзов ва бозигарони даста иштирок доштанд.
Илҳом Пӯлотзода нахуст ҳамаи бозигаронро бо пайвастан ба клуби футболи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон ва оғози мавсими нави Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол муборак бод гуфта, барояшон дар ҳимояи шарафи дастаи футболи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон барору комёбӣ таманно намуд.
Сипас, аз таърихи ташаккулёбии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дар идома таҳти роҳбарии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушд кардани футболи ватанӣ ва бо ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби СММ бо қатъномаи махсус қабул гардидани "Рӯзи ҷаҳонии футбол" - 25 май ёдовар шуд.
Ҳамчунин, доир ба рушди футбол дар шаҳри Гулистон ва фароҳам овардани шароити мусоид, таъмиру азнавсозии варзишгоҳҳо таъкид карда шуд.
Дар назди масъулин ва ҳайати даста барои ба даст овардани ҷоизаҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Сармураббии даста, Фаррух Ниёзов изҳор намуд, ки даста барои иҷрои супоришҳои раиси Федератсияи футболи шаҳр ва ба даст овардани ҷоизаҳо дар ин мавсим талош меварзад.