15 Май 2025
Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шуда истодааст. Дар ин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ба тавсиб расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, баргузор намуда истодаанд.
Бо ҳамин мақсад санаи 13.05.2025, дар толори варзишии "Истиқлол"-и мусобиқаи мазкур байни ҷавонони муассисаҳои таълимӣ, коллеҷи тиббӣ ва сарбозони қисми ҳарбии 45025 баргузор шуд.
Дар ҷамъбаст ғолибон бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.