Матни равон

Имрӯз, 16.06.2025 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон сартабиби тозатаъини беморхонаи марказии шаҳр муаррифӣ гардид.

Маросими муаррифиро муовини Раиси шаҳр, сарпарасти соҳа Муслимахон Ҷамолиён оғоз намуда, зикр намуд, ки дар соҳаи роҳбарикунандаи беморхонаи маркази шаҳр тағйироти кадрӣ ба амал омад ва фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи иштирокдорон расонид.

Зикр карда шуд, ки бо пешниҳоди Раиси шаҳр ва фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтитмоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.06.2025, №80 Азимов Фирдавс Рашидович ба вазифаи сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Гулистон таъин карда шуд.

Сипас, Меҳрубон Қаҳҳорзода бо рӯзгор ва фаъолияти меҳнатии Фирдавс Азимов шинос намуд. Таъкид гардид, ки ӯ табиби ҷарроҳ, ботаҷриба, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад. Соли 2009 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намуда, аз соли 2010 то инҷониб дар беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва беморхонаи ноҳиявии №1-и ҷамоати Хистеварзи ноҳияи мазкур дар вазифаҳои гуногун фаъолияти меҳнатӣ доштааст.

Муслимахон Ҷамолиён муовини Раиси шаҳр ба собиқ сартабиби беморхонаи марказии шаҳр Иброҳим Иброҳимов барои фаъолияти босамари меҳнатӣ дар тули солҳои роҳбарӣ изҳори сипос намуда, ба сартабиби тозатаъин барори кору муваффақият орзу намуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2026
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2646
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2026
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17466
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49009
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:82840
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8725430

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?