20 Июн 2025
Имрӯз, 20.06.2025 дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Гулистон, раиси Шуро Муслимахон Ҷамолиён Шурои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа бо иштироки аъзои Шуро ва кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ) дар давоми 40 соли охир ба яке аз мушкилоти асосии аҳли сайёра табдил ёфтааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли ин мушкилот бетараф нест. Эпидемияи ВНМО на танҳо ба системаи тандурустии кишварҳо, балки ба иқтисодиёти давлатҳо низ таъсири манфии худро мерасонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти хеш оиди пешгирӣ ва мубориза ба эпидемияи ВНМО, ҳуҷҷатҳои муҳими Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳидро, ки ба пурзӯр намудани фаъолият баҳри барҳам додани эпидемияи ВНМО то соли 2030 дар ҷаҳон равона гардидаанд ва яке аз бахшҳои муҳим дар чорчубаи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошанд, ҳамаҷониба эътироф намуда, дастгирӣ менамояд.
Бо мақсади амалӣ намудани маҷмӯи чорабиниҳои муқовимат ба паҳншавии ВНМО, пешгирии паҳншавии сироятпазирии вируси норасоии масунияти одам, кам кардани таъсири мубталошавӣ ба беморӣ, расонидани ёрии тахассусии тиббӣ ба шахсони мубталои ВНМО/БПНМ ва сабук гардонидани оқибати он барои ҳар як нафар ва тамоми аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва озодиҳои инсон, аз соли 1997 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО/БПНМ қабул ва татбиқ мегарданд.
Дар кори Шуро масъулини вобаста ба масъалаҳои “Ҷараёни татбиқи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар шаҳри Гулистон Сарвар ва “Рафти амалисозии Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” Неъматзода Насим ҳисобот манзур намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Гулистон, раиси Шуро Муслимахон Ҷамолиён дар фарҷом доир ба тақвияти корҳо дар самти амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Шуро ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.