Матни равон

Санаи 24.06.2025 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати шаҳраки Зарнисор бо сокинон вохӯрӣ доир ба 28-солагии Ваҳдати миллӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Дилрабо Каримӣ ва раиси ҷамоати шаҳрак иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Сулҳу ваҳдат чун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Точикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеву макоми онро дар миқёси чаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилоту мамлакатҳои олам гардидаасг, ки боиси ифтихори миллати мост. Воқеан ҳам, ваҳдат омили рушди босуботи мамлакат ва кафили иқболу саодати халқу ҷамъият ба ҳисоб меравад.

Ваҳдати миллӣ на танҳо як ибора, балки арзиши бузурге мебошад, ки ҳаёт ва тақдири имрӯзаи мардуми тоҷик ба он пайвандӣ дорад. Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати мо мебошад. Маҳз бо талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид.

Қадру манзалати Ваҳдати миллиро ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза кӯшиш намояд. Тавре ки Сарвари давлат қайд намудаанд: “Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлоли давлатӣ, бешубҳа, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад”.

Ваҳдати миллӣ бо ташаббус ва роҳбарии оқилонаи қаҳрамони ваҳдату наҷотбахши миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, боиси он гардид, ки миллати тоҷик ба фатҳи қуллаҳои нав дар ҳамаи соҳаҳо муваффақ гардад. Аз ин хотир, фурсате расидааст, ки барои Ваҳдату пешрафти кишвар сарҷамъона дасти ҳам бигирему пайи ободии он бештар кӯшиш кунем.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1751
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2722
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16851
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17466
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:63834
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:82840
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8740255

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?