Матни равон

Имрӯз, 14.07.2025 тибқи нақшаи баргузории маҷлисҳои ҷамъбастӣ дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси фаъолон доир гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар шаш моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда шуд.
Дар маҷлиси фаъолон Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, расиони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Илҳоим Пӯлотзода кори маҷлисро оғоз намуд. Муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон дар шаш моҳи соли 2025 маърӯза намуд.
Зикр карда шуд, ки дар шашмоҳаи соли ҷорӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ 170,5 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 116,0 фоизи иҷрои нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 24,0 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид.  Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 52,5 миллион сомонӣ буда, 59,8 миллион сомонӣ ё ин ки 114,0 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 7,3 миллион сомонӣ  зиёд  маблағ ворид гардид.
Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми шаш моҳи соли 2025 ба маблағи 2 миллиарду 371,4  млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои амалкунанда 134,2% фоиз, ё ин ки 704,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Тибқи маълумотҳо ба ҳолати якуми июли соли 2025 ба иқтисодиёти шаҳри Гулистон 846,4  миллион сомонӣ сармоягузорӣ тадбиқ шудааст, ки аз он 831,0 миллион сомонӣ сармоягузории хориҷӣ ва 15,4 миллион сомонӣ сармоягузории дохилӣ мебошад. 
Аз ҷониби бонкҳо дар ин давра барои фаъолияти соҳибкорӣ 2,1 млн сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбати соли гузашта  338,0 ҳазор  сомонӣ зиёд мебошад.
Аз 512/250 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр 361/220 нафар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд, ки 71,1%-ро ташкил медиҳад.
Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии хонандагон соҳиби 9 медал, дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи шоҳмот як ҷойи якум, дар Олимпиадаи байналмилалии «Брейнингз» соҳиби 1 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ, дар Олимпиадаи байналмилалии «Ҳоризон-2025» аз фанни математика соҳиби 8 медали тилло, 17 медали нуқра ва 24 медали биринҷӣ ва дар Олимпиадаи байналмиллалии «Айкио-2025»-и Қазоқистон – аз фанни забони англисӣ ва математика соҳиби 5 медали тилло гардидаанд.
Сипас, раисони ҷамоати шаҳракҳои Консой, Адрасмон ва Чоруқдаррон аз вазъи иҷрои нақшаи иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар гузориш доданд.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз масъулини соҳаҳо доир ба натиҷаҳои меҳнатӣ, сабаби иҷро нагардидани баъзе уҳдадориҳо пурсиш ба амал овард.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ибрози назар намуда, ҷиҳати рушди соҳаҳо таклифу пешниҳодҳо намуд.
Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба масъулини соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ҷиҳати пешбурди фаъолияти корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, тақвият бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ноил гардидани хонандагон ба дастовардҳои назаррас ва рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр супоришҳои мушаххас дод.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3695
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5139
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3695
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23003
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:44986
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8789713

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?