24 Июл 2025
23 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо раванди корҳои бунёдкорӣ шинос гардид.
Бино ба иттилои масъулон, соли равон дар шаҳри Гулистон 5 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор мегирад, ки дар баробари таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот низ афзоиш меёбад.
Зимни боздид аз ҶДММ “Тиглат” иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нав аз ду сехи истеҳсолӣ иборат буда, дар канори он анборҳои нигоҳдории маҳсулоти ниҳоӣ низ бунёд шуда истодаанд. Дар сехҳо рангҳои сохтмонӣ, маҳсулоти воридотивазкунанда ва куттиҳои ранг бо омехтаи об ва масолеҳи сохтмонии хушк истеҳсол мешаванд.
Маҳсулоти ин корхона, аз ҷумла рангҳо бо номи тиҷоратии “Глобус”, “Титан”, “Фрайд” ва “Контакт-Конфар” ба бозори дохилии кишвар ба фурӯш бароварда шуда, барои иваз намудани маҳсулоти воридотӣ хизмат менамояд. Барои назорат ва таҳлили сифати маҳсулот дар ошёнаи дуюми корхона озмоишгоҳ амал мекунад. Ба гуфтаи масъулон, дар ояндаи наздик ба роҳ мондани содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамсоя дар назар аст.
Раиси вилоят зимни боздид аз иншооти саноатӣ таъкид кард, ки бо дарназардошти сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди саноат ва афзоиши содирот масъулон бояд тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд. Зеро имконоти мавҷудаи шаҳр дар самти рушди саноат бузург буда, истифодаи пурраи онҳо метавонад дастовардҳоро дучанд гардонад.
Дар идомаи боздид Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои навсозии Маркази саломатии шаҳр шинос гардид. Бинои марказ мавриди таъмиру таҷдид қарор гирифта, барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва муҷаҳҳазсозии муассиса бо дастгоҳҳои муосир тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Бо назардошти таҷлили шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри саноативу сайёҳии Гулистон ба рушди инфрасохтори нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ низ таваҷҷуҳи зарурӣ дода мешавад. Айни ҳол дар минтақаи саноатии шаҳр сардхона бо 10 анбори нигоҳдории меваю сабзавот сохта шудааст, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад.
Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳон дар шаҳри Гулистон даҳҳо осоишгоҳу марказҳои фароғатӣ дар канори Баҳри Тоҷик фаъолият доранд. Бо саҳми соҳибкор Турсуной Зокирова сохтмони осоишгоҳ бо 250 ҷой идома дорад, ки дар он тарабхона, қаҳвахона ва дигар инфрасохтори муосир барои истироҳати сайёҳони дохиливу хориҷӣ сохта мешавад.
Дар идомаи боздид Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар фабрикаи парандапарварии ҶДММ “Истиқлоли Гулистон” шинос гардид. Айни замон дар ду бинои корхона 24 ҳазор сар паранда парвариш меёбад ва бо мавриди истифода қарор гирифтани ду бинои дигар, саршумори паранда ба 60 ҳазор мерасад. Баъди ба анҷом расидани корҳо дар ин фабрика зиёда аз 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.
Раиси вилояти Суғд таъкид намуд, ки татбиқи босамари дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар дар самти рушди соҳаҳои саноат, тандурустӣ ва сайёҳӣ дар шаҳрҳои саноатии кишвар, аз ҷумла Гулистон, барои боз ҳам беҳтар гардидани зиндагии сокинон ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.