Матни равон

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои навсозӣ ва насбу васли таҷҳизоти муосир дар Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” шинос шуд.

Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” яке аз иншооти муҳими энергетикии кишвар ба ҳисоб рафта, аз 6 гидроагрегат иборат мебошад. Охирин агрегати неругоҳ ҳанӯз соли 1957 бо тавоноии лоиҳавии 21 МВт ба истифода дода шуда буд. Бо гузашти 68 сол таҷҳизоти асосии неругоҳ фарсуда гардида, иқтидори истеҳсолии он то 12 МВт коҳиш ёфта буд.


Бо дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 корҳои навсозӣ дар неругоҳ оғоз гардида, дар давоми беш аз панҷ сол гидроагрегатҳои №4, 5 ва 6 пурра навсозӣ гардиданд. Иқтидори ҳар яки онҳо аз 19 ба 29 МВт афзоиш дода шуд.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи навсозӣ бо ҷалби шарикони рушд ва мутахассисони ватаниву хориҷӣ як қатор таҷҳизоти муҳими неругоҳ, аз ҷумла таҷҳизоти толори мошинҳо, дастгоҳҳои идоракунии турбинаҳо, трансформаторҳои системаи ангезишӣ, системаҳои назорату идоракунӣ ва дигар таҷҳизоти асосӣ аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо дастрас ва иваз карда шуданд.

Ҳамзамон, ба ҷойи дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220/110 кВ, дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ насб гардид, ки бехатарӣ ва самаранокии интиқоли неруи барқро ба таври назаррас беҳтар мегардонад.

Раиси вилоят ҷараёни татбиқи лоиҳаро мусбат арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳо ва истифодаи самараноки таҷҳизоти муосир дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1258
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2756
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10857
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17188
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:69336
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8814063

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?