24 Июл 2025
23 июли соли 2025 дар шаҳри Гулистон машварати корӣ таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар машварат роҳбари вилоят зикр намуд, ки шаҳри Гулистон яке аз зеботарин ва ободу фараҳбахши кишвар ба ҳисоб рафта, ҳамасола меҳмонони зиёд аз дохил ва хориҷи кишвар бо мақсади истироҳат, фароғат ва тамошои мавзеъҳои табииву туристии он ба ин минтақа ташриф меоранд.
Бо назардошти ин мавқеи муҳими сайёҳӣ ва фароғатии шаҳр, Раиси вилоят масъулони соҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, обу коррезӣ, ҳифзи муҳити зист, маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ ва дигар сохторҳои дахлдорро муваззаф намуд, ки дар самти тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, сабзаву хуррам нигоҳ доштани муҳити шаҳр ва таъмини чароғонкунии босифат масъулияти дучандро эҳсос намоянд.
Раҷаб Аҳмадзода ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати ташкили чорабиниҳои дастаҷамъона, аз ҷумла шанбегиҳо, ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, назорати бештари макони истироҳати кӯдакон дар мавсими таътили тобистон ва пешгирии ҳолатҳои ғарқшавии ноболиғон тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Раиси вилоят таъкид кард, ки саҳми ҳар як сохтор дар нигоҳдории симои шаҳр, амнияти экологӣ ва ҳифзи саломатии ҷомеа муҳим буда, дар мавсими гармои тобистон корҳо бояд бо масъулияти бештар ва мутобиқи талаботи замон ба роҳ монда шаванд.
Сипас, роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.