02 Август 2025
Субҳи имрӯз, 02.08.2025 дар шаҳри Гулистон бо иштироки хизматчиёни давлатӣ, кормандони корхонаву муассисаҳо, ҷавонону наврасон ва сокинон дар боғи фарҳангиву фароғатии "Темурмалик" бахшида ба Рӯзи варзишгарон, машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони "Миллати ҷисман солим рӯҳан низ муқтадир ва шикастнопазир мебошад" доир гардид.
Ин тадбир дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо мақсади амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба амалигардонии “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2022-2026” ба роҳ монда шуд.
Лозим ба зикр аст, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои он дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, варзишгоҳи марказӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, майдони Парчами давлатӣ ва дар назди ташкилоту муассисаҳо мунтазам баргузор гардида истодааст.
Ин тадбир минбаъд низ бо ҷалби васеи сокинон, наврасону ҷавонон ва дигар кормандони ташкилоту идораҳо пайваста баргузор мегардад.