Матни равон

Имрӯз 11-уми августи соли 2025 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла пешгирӣ намудани истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва ҷиҳати шарҳу тавзеҳоти тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронукии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон дар шаҳри Гулистон вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, Музаффар Ашуриён – вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зариф Ализода - ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Тақдиршо Шарипов – профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода вохӯриро оғоз намуда ҳадафи баргузории онро баён дошт ва таъкид намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 25 апрели соли 2025, барқияи ҳукуматӣ аз 28 апрели соли 2025, №24/2-37, қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 апрели соли 2025, №118 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ”, қарори раиси шаҳри Гулистон “Дар бора таъсис додани гурӯҳи корӣ” аз 06.05.2025, №120 ба тасвиб расида, бо мақсади ба аҳолӣ ва дар корхонаву муассисаҳо фаҳмонидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, №2163 “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 253 қисми 1 - вайрон кардани қоида аз меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.04.2025, №2164 - моддаи 382 - риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ, дар шаҳр гурӯҳ корӣ таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.

Сипас, баромадкунандагон тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.04.2025, №2163, моддаи 253 қисми 1 - вайрон кардани қоида аз меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.04.2025, №2164 - моддаи 382 - риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармиро ба сокинон шарҳу тавзеҳ доданд.

Зикр карда шуд, ки ҳадафу мароми дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои андешида истодаи Ҳукумати кишвар танҳо барои самаранок истифода бурдани неруи барқ, расидани ба истиқлоли комили энергетикӣ - яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии кишвар ва пешгирии бо ҳар гуна роҳу воситаҳои пӯшида истифода бурдани неруи барқ, ки ба буҷаи мамлакат хисороти зиёди иқтисодӣ меорад ва барои рушди кишвар монеъ мешавад мебошад.

Аз сокинон, хоҳиш даъват карда шуд, ки биёед ҳама бо дарки баланди ин масъала маърифати самаранок истифода бурдани неруи барқро дар амал татбқи намоем, маблағи неруи барқи истифодашударо саривақт супорем ва дар расидан ба ҳадафи стретегии кишвар ва рушди босуботи он саҳмгузор бошем.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2070
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2257
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6567
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13923
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41595
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81967
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8868289

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?