13 Август 2025
Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Рӯзи варзишгарон таҷлил гардид. раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода кулли варзишгарон ва собиқадорону мураббиёнро муборакбод гуфт.
Зикр карда шуд, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди неки мардуми сарбаланди кишвар ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, татбиқи ормонҳои миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи сокинон, аз ҷумла соҳаи варзиш заминаи мусоид фароҳам овард. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Варзиш омили тавоноӣ, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории халқияту давлатҳо мебошад». Таҳти сиёсати хирадмандона ва дастгирию пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзиш ва варзишгарон имконият фароҳам овардааст, ки варзишгарони мо дар арсаи ҷаҳонӣ мақом ва ҷойгоҳи хоса касб намоянд.
Дар ҳудуди шаҳр дар маҷмуъ 136 иншооти варзишӣ фаъолият дошта, аз ин теъдод 56 майдончаи варзишӣ, 6 ҳавзи шиноварӣ, 6 варзишгоҳ ва 26 толори варзишӣ мебошад. Барои таъмиру тармим ва азнавсозии иншооти варзишӣ ҳамасола маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд. Варзишгарони шаҳр дар давоми 6 моҳаи аввали соли 2025, дар 16 мусобиқаҳои дохилимактабӣ – бо гирифтани 370 медал, дар 4 мусобиқаи шаҳрӣ ва кушоди шаҳрӣ бо гирифтани 132 медал, дар як мусобиқаи вилоятӣ бо гирифтани 4 медал ва дар як чемпионати Тоҷикистон бо гирифтани 1 медал мушарраф гардидаанд. Дар маҷмӯъ варзишгарон давоми 6 моҳаи аввали соли ҷорӣ соҳиби 508 медал гардиданд.Изҳори итминон карда шуд, ки минбаъд низ варзишгарони шаҳр барои ноил гардидан ба дастовардҳои бузурги варзишӣ, аз ҷумла дар сатҳи вилоят, ҷумҳурӣ ва берун аз кишвар ҷидду ҷаҳд намуда, обрӯ ва нуфузи шаҳри Гулистонро шоиста муарифӣ менамоянд.Сипас, дар вазъи тантанвӣ як қатор мураббиён, варзишгарон, собиқадорон ва кормандон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуданд.