14 Август 2025
Зимни сафари корӣ ба шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмон ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.
ҶДММ «Тиглат» яке аз корхонаҳои нави саноатӣ буда, дар он истеҳсоли рангҳои сохтмонӣ ва хокаҳои ороишиву пардоздиҳӣ ба роҳ монда мешавад. Айни замон сохтмони биноҳои ёрирасон ва васлу насби дастгоҳҳо идома дошта, пас аз ба кор даромадани коргоҳ то 70 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.
Раиси вилоят бунёди чунин хатҳои истеҳсолиро қадами устувор дар татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар унвон намуда, масъулинро вазифадор кард, ки пеш аз ҳама ба сифати маҳсулоти ниҳоӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд, зеро талабот ба маҳсулоти сохтмонӣ дар бозори дохилӣ хеле баланд аст.
Сипас, роҳбари вилоят бо фаъолияти ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» шинос шуд. Айни замон дар корхона сохтмони боз як хати нави истеҳсолӣ ва воридсозии дастгоҳҳои муосири қолинбофӣ аз кишвари Белгия идома дорад. Иқтидори ин дастгоҳ истеҳсоли то 4 ҳазор метри мураббаъ қолин дар як шабонарӯз ва то 120 ҳазор метри мураббаъ дар як моҳ мебошад. Бо ба кор андохтани хати нав иқтидори солонаи корхона то 4 миллион метри мураббаъ расонида мешавад.
«Қолинҳои Қайроққум» аз ҷумлаи корхонаҳои муваффақи вилоят ба шумор рафта, бо сифату зебоӣ ва нақшу нигори миллӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ талаботи зиёд дорад. Айни замон дар корхона 500 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд.
Аснои шиносоӣ бо сохтмони корхонаи истеҳсоли газоблоки ҶДММ «Орзуи аъло», иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии он то 3000 метри мукааб дар як моҳ буда, дар оянда ҳаҷми истеҳсолот боз ҳам афзоиш меёбад. Бо ба кор даромадани коргоҳ то 25 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.
Тибқи маълумоти масъулин корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар шаш моҳи аввали соли 2025 ба маблағи 2 миллиарду 371,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои амалкунанда 134,2 фоиз ё 704 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Раиси вилоят иқдомҳои соҳибкоронро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки иқтидорҳои нави истеҳсолӣ барои рушди иқтисод, афзоиши ҷойҳои корӣ ва қонеъсозии талаботи бозор мусоидат хоҳад кард.