17 Август 2025
Муҳтарам собиқадорон ва кормандони соҳаи тиб!
Ҳамасола дар кишвари азизамон - Тоҷикистон санаи 18-уми август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб бо шукӯҳ таҷлил карда мешавад. Вобаста ба ин кулли собиқадорон ва кормандони соҳаро бо иди касбӣ-Рӯзи кормандони соҳаи тиб самимона муборакбод гуфта, ба Шумо фаъолияти садоқатмандона ба халқу ватан ва барои кору тансиҳативу иқболи баланд таманно менамоям.
Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми беш се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Хукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонид.
Дар ин раванд, аксари санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таҳия гардида, идоракунӣ ва маблағгузории он ба низом дароварда шуд, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ рушд кард ва таҷдиди муассисаҳои тиббию фармасевтӣ амалӣ гардид.
Саҳми босазо ва арзандаи Шумо табибони гиромиқадр дар сиҳатмандии аҳолӣ басо назаррас арзёбӣ гардида, бешак корномаҳои якояки Шумо қобили зикр ва шоистаи таҳсин мебошад.
Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо дастгирии соҳаи тандурустӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок ва меҳварии ҳаёти ҷомеа маҳсуб ёфта, ин аст, ки ҷиҳати рушди бонизоми соҳаи тандурустӣ мунтазам тадбирҳои судманд ва ҳамешагӣ андешида мешаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбариву раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар самти рушди соҳаи тандурустӣ таҳтишиори «Солимии миллат боигарии давлат» ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани раванди маблағгузории соҳа, қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ, беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда истодааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон низ баҳри рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодааст.
Дар шаҳр 33 адад муассисаҳои соҳаи тандурустӣ фаъолият менамоянд, аз ҷумла: 7 адад марказҳои саломатӣ, 6 беморхона, 5 осоишгоҳ, 3 адад бунгоҳи тиббӣ, 1 адади маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ, як адад умури безараргардонӣ, маркази ташхисиву табобатии “Закариёи Розӣ”, маркази тиббӣ - хусусӣ “Сино”, 6 марказҳои махсусгардонидашуда, як коллеҷи тиббӣ ва 1 адад стансияи ёрии таъҷилӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.
Дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 98 нафар табибон ва 351 нафар ҳамширагони шафқат фаъолият мебаранд.
Дар муассисаҳои тиббии шаҳр як нафар номзади илми тиб, 16 нафар дорандагони нишонаи сарисинагии Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар дорандаи медали шафқат, 1 нафар медали хизмати шоиста фаъолият менамоянд.
Итминон дорам, ки кормандони соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, табибону ҳамшираҳои шафқат минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмат мекунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, шарафи касби пурифтихори хеш, яъне шифобахши дарди мардумро баланд мебардоранд.
Бори дигар, фарорасии иди касбӣ – Рӯзи кормандони соҳаи тибро ба ҳамаи Шумо муборакбод гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, рӯзгори босаодат, барори кор ва ҳамаи хушиҳои умрро таманно дорам.
Рӯзи кормандони соҳаи тиб муборак!