19 Август 2025
Ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Гулистон барои соли 2025 ва нақшааи чорабиниҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” дар шаҳри Гулистон аъзои Комиссия – Умеда Комилова сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Сайҳуна Шарифзода мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси татбиқи забон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон рафти иҷрои Комиссия ва Барномаро дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва беморхонаи марказии шаҳр аз назар гузарониданд.
Зимни азназаргузаронии бастаи ҳуҷҷатҳои Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” ба масъулин доир ба тақвияти корҳо дар самти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Комиссия ва Барнома, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ, риояи талаботи риояи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 қабул гардидааст, иваз намудани шиору овезаҳои куҳнашуда, пешниҳод намудани гунаи дурусти ҳисоботҳо, бо риояи ҳуруф, андоза ва меъёри муақарраргардида таҳия намудани ҳуҷҷатҳо ва роҳ надодан ба ғалатҳо тавсияҳои зарурӣ дода шуд.