19 Август 2025
Санаи 18.08.2025 Клуби футболи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар доираи даври дувоздаҳуми Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд КФ "Хистеварз"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар майдони худ қабул намуд.
Бозигарони дастаи "Гулистон" аз оғоз ташаббусро ба даст гирифта, пайваста ба ҳариф фишор меоварданд. Натиҷаи ҳамин ҳуҷумҳои пайиҳам буд, ки дар қисми аввали бозӣ 3 маротиба хати дарвозаи меҳмононро рахна намуданд.
Дар қисми дуюми дидор гулистониён ҳамоно бо фишороварӣ ва ҳуҷумҳои пайваста тавонистанд, ки 1 маротибаи дигар тубро ба тури дарвозаи ҳариф равона созанд.
Ҳамин тавр бо натиҷаи бузурги 4-0 дидори дастаҳои "Гулистон" ва "Хистеварз" ба фоидаи дастаи "Гулистон" ба охир расид.
Дастаи "Гулистон" бо ин ғалаба мавқеи худро дар зинаи аввали мусобиқот бо 31 имтиёз устувортар намуд.
Пирӯзӣ муборак бод!