20 Август 2025
Имрӯз, 20-уми августи соли 2025 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гардид. Дар кори машварат Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Фирӯза Абдувоҳидзода ва инчунин муовинони Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр, роҳбарият ва кормандони шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, омўзгорону мураббиён ва дигар масъулон иштирок намуданд.
Нахуст дар даромадгоҳи Кохи фарҳангии “Истиқлол” ба ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ диплом, медалҳо ва ба волидайни хонандагон сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ба як қатор хонандагон сару либоси мактабӣ тақдим карда шуд.
Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори машварат оғоз гардид. Дар машварат натиҷагирӣ аз бурду бохти соҳаи маорифи шаҳр дар соли хониши 2024-2025 ва вазифаҳо барои соли хониши 2025-2026 баррасӣ гардиданд.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода зикр намуд, ки ҳамасола қабл аз оғози соли нави хониш ҷишати натиҷагирӣ аз дастоварду муваффақиятҳо ва бурду бохти соҳаи маориф машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор мегардад.
Масъалаи рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади баланд бардоштани нишондиҳандаҳои соҳа иқдомҳои судманд рӯи кор омада истодааст.
Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки: “Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.
Доир ба нишондиҳандаҳои соҳаи маорифи шаҳри Гулистон дар соли таҳсили 2024-2025 ва ҳолати омодабошӣ ба соли таҳсили 2025-2026 мудири шуъбаи маорифи шаҳр Дилрабо Каримӣ маълумот ироа намуд. Сипас, Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аз мудири шуъбаи маориф ҷиҳати фаъолияти соҳаи маорифи шаҳр пурсиш ба амал овард.
Сипас Эмомалӣ Бобоев директори МД “Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон” доир ба фаъолияти марказ ва натиҷаҳои даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” маърӯза намуд.
Ҳамчунин, доир ба “Низоми 10-холаи бањодињї” омўзгори МТМУ №1 Фарида Ѓаффорова маърӯза намуд.
Сипас, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Фирӯза Абдувоҳидзода доир ба фаъолияти соҳаи маорифи шаҳр изҳори назар намуда, доир ба тақвияти фаъолияти соҳа пешниҳодҳо манзур намуд.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода барои фаъолияти минбаъдаи соҳа дар назди масъулин ва кормандони соҳа вазифаҳои мушаххас гузошт.
Гулрабо Ҷабборӣ сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳр лоиҳаи қарори машварати августиро ба самъи иштирокчиён расонид ва бо овоздиҳии якдилона қарор қабул карда шуд.
Дар вазъи тантанавӣ як қатор кормандони соҳа бо нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд, сипосномаи шуъбаи маорифи шаҳр ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.