Матни равон

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ чорабинии тантанвӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Гулистон кормандони соҳаро бо иди касбияшон муборакбод гуфт.

Зикр карда шуд, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17-уми август ҳамчун рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таҷлил карда мешавад, ки ин сана ба рӯзи таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 августи соли 1994 таъсис ёфтааст, рабт дорад.

 

Имсол ба фаъолияти ин ниҳод 31 сол пур шуд. Дар шароити мушкили буҳрони иқтисодии солҳои 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус дода, системаи таъсирбахши пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаро ташкил намуданд. 17 августи соли 1994 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъсис ёфт ва дар 30 соли фаъолият ба неруи қудратманди низомӣ табдил ёфт.

Дар ин давра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ», «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода, ки аз тарафи мутахассисони Кумита омода гардида буданд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд.

Айни замон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатии идораи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, дар бобати омодагӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода замони осоишта ва ҷанг роҳбарии сиёсати ягонаи давлатиро анҷом дода, тамоми маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатӣ, ҳуқуқӣ мудофиавӣ ва дигар чорабиниҳоро, ки ба ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои офатҳои табиӣ ва экологӣ, садамаҳои калони истеҳсолӣ, фалокатҳо нигаронида шудаанд, инчунин ҳангоми аз ҷониби душман истифода гардидани воситаҳои ҳозиразамони зарба сар мезананд, амалӣ ва ҳамоҳанг месозад. Кумита сохтори ҳарбӣ буда, ба он тамоми ҳуқуқҳо, меъёрҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо қабул шудаанд, татбиқ мегардад.

Як қатор кормандони соҳа ба сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1027
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2725
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12053
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16708
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:46269
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81967
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8872963

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?