01 Сентябр 2025
Муҳтарам омӯзгорон, хонандагон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Боиси ифтихор аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар остонаи бузургтарин ҷашни миллӣ - 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Имрӯз аз файзу баракати Истиқлол ва суботу амнияти кишвари азизамон муассисаҳои таълимӣ чун анъана дарҳои худро ба рӯи хонандагон боз намуда, онҳоро боз ба оғӯши маърифату маънавият фаро мегиранд.
Ба муносибати Рӯзи дониш кулли хонандагону омӯзгорону донишҷӯёнро самимона муборакбод гуфта, бароятон дар соли нави таҳсил муваффақияту комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Давлати соҳибистиқлоли мо дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба инкишофи илму маърифат, такомули раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намудаанд, ки: "Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад"
Дар сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок арзёбӣ гардида, баҳри баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа ва тадриҷан беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳа мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таъкид менамоянд, ки соҳаи илму маориф ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконияти худро истифода мебарад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти рушди бемайлони маорифи шаҳр мунтазам тадбирҳои амалӣ меандешад.
Дар 15 муассисаҳои таълимии шаҳр 108 кабинети фаннӣ ва 25 озмоишгоҳ бо лавозимоти зарурӣ ва айёният муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар соли ҷорӣ муҷаҳҳазгардонии 9 кабинети фаннӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ аз барои харидории мизу курсӣ 100,0 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон дар соли хониши 2024-2025 дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии хонандагон соҳиби 9 медал ва дар олимпиадаҳои гуногуни байналмилалӣ соҳиби 58 медал гардидаанд ва итминон дорем, ки дар соли хониши нав ин нишондиҳанда ба маротиб беҳтар мегардад.
Итминони комил дорам, ки хонандагону устодон бо дарки ҳисси баланди масъулият, дар ҷодаи таълиму тарбия бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда ба дастовардҳои нав ба нав муваффақ мешаванд. Бигзор соли хониши 2025-2026 соли пур аз дастовардҳо барои толибилмони гулистонӣ бошад.
Бори дигар, фарорасии соли нави таҳсил - Рӯзи донишро ба Шумо муборакбод намуда, бароятон фатҳи қуллаҳои баланди дониш, дастовардҳои нави маънавӣ, таҳсили пурсамар, сиҳатмандӣ ва зиндагии хурраму осударо таманно менамоям.
Рӯзи дониш муборак бод!