01 Сентябр 2025
Субҳи имрӯз, 1-уми сентябри соли 2025 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд Алимат Мавлонзода ва муовини роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, сардори Раёсати Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Иззатулло Убайдзода дар маросими баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар МТМУ №8-и шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода хонандагону омӯзгоронро таҳният гуфта, иброз дошт, ки давлати соҳибистиқлоли мо дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба инкишофи илму маърифат, такомули раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намудаанд, ки: Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад.Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”.
Дар сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок арзёбӣ гардида, баҳри баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа ва тадриҷан беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳа мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд. Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки соҳаи илму маориф дар оянда ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконияти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти рушди бемайлони маорифи шаҳр мунтазам тадбирҳои амалӣ меандешад.
Сипас, сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд Алимат Мавлонзода паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба самъи иштирокдоронг раоснид.
Муовини роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, сардори Раёсати Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Иззатулло Убайдзода низ хонандагону омӯзгоронро ба ин муносибат муборак бод намуд.
Сипас, ба як қатор хонандагон лавозимоти хониш тақдим карда шуд.
Ҳамчунин, Раиси шаҳрв а меҳмонон аз рафти таълим дар муассисаи таълимӣ дидан карда, бо хонандагону омӯзгорон ҳамсуҳбат гардида, дар соли нави хониш ба онҳо барору комёбӣ таманно намуданд.