02 Сентябр 2025
Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории таблиғотии шаҳр дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон бо усули "Хона ба хона" аз заминҳои наздиҳавлигии як қатор сокинон дидан карда, бо онҳо суҳбат намуданд.
Ҳайати гурӯҳи корӣ - мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Матлуба Сатторова, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр Бахтовар Ҷӯразода, директори ФМД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” Муҳайё Муҳаммадалиева ва раиси ҷамоати шаҳрак Наргиза Бердиева зимни суҳбат бо сокинон доир ба исфтифодаи дурусту самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ таъкид намуда, изҳор доштанд, ки яке аз воситаҳои муҳими таъмини зиндагии шоистаи ҳар сокини мамлакат истифодаи оқилонаи замин буда, инчунин заминаи хуби захирасозии маҳсулоти ғизоӣ барои фасли зимистон мебошад.
Ба сокинон аз таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба захираи ғизои дусола дар ҳар як оила, истифодаи оқилонаи замин, рӯёнидани ду-се ҳосил аз заминҳои корам ва тозаву озодаву обод намудани хонаву дар ёдоварӣ карда шуд.