28 Январ 2026
Дар бахши фарҳанги шаҳр санаи 27.01.2026 бо мақсади натиҷагирии фаъолияти соҳаи фарҳанги ҷаласаи ҷамъбастии соҳа дар соли 2025 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён ва мудири бахши фарҳанги шаҳр Дилноза Каримова иштирок намуданд.
Нахуст мудири бахши фарҳанги шаҳр доир ба фаъолияти соҳа дар соли 2025 гузориш дод. Зикр карда шуд, ки дар шаҳр 29 муассисаи фарҳангӣ ба мардум хизмат мерасонад.
Дар давоми соли сипарӣ гардида дар муассисаҳои фарҳангии шаҳр 1369 чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ гузаронида шуд. Дар ин давра барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо гардидааст.
Ҷиҳати баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман” тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, даври шаҳрии озмун дар сатҳи баланд баргузор гардида, аз миёни 91 нафар иштирокчӣ 60-нафар ғолиб гашта, 41 нафари онҳо ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд. Дар даври вилоятии озмун довталабони шаҳри Гулистон сазовори 7 ҷои ифтихорӣ гардида, дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман” иштирок намуда, соҳиби 5 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ 356 адад китобҳои тозанашр бо арзиши 15234 сомонӣ ройгон ба китобхонаҳои шаҳрӣ ворид гардид.
Дар мактаби санъати маркази шаҳр 293 нафар таълим мегиранд, ки ба онҳо 32 нафар омӯзгор аз рӯйи ихтисосҳои гуногун дарс меомӯзонанд.
Сипас, муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён доир ба тақвияти фаъолияти соҳа ба масъулин супоришҳо дод.




















