02 Феврал 2026
Дар асри XXI баробари тағйирёбии иқлим, сӯхтору заминларза, обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ зуҳуроти нав, яъне терроризму ифротгароӣ ҳамчун вабои аср боиси рӯйдодҳои даҳшатбор гаштааст.
Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дини мубини ислом надорад ва аз ҷониби гуруҳҳои алоҳида ба хотири ҳадафҳои ғаразноки сиёсӣ суистифода мешавад. Ҳамоише, ки таҳти сарварии муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён рӯзи 2-юми феврали соли равон дар толори МИҲД-и шаҳр доир гардид, аз мавзӯи меҳварии он буд.
Муслимахон Ҷамолиён назди ҳозирин бобати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, оқибатҳои нангини шомилшавӣ ба ҷараёнҳои номатлубу гурӯҳҳои ифротгаро ҳарф зад. Номбурда вижагиҳои ба масоили доғи рӯз мутааллиқро шарҳ дода, дар робита вазъи ҳассоси ҷаҳони муосир шаҳрвандонро ба ҳушёрии сиёсӣ ва ҳифзи арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ даъват намуд.
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳлиддин Абдураҳмонов ва сармуҳаррири нашрияи “Соҳил” Рустамҷон Одизода ҷиҳати коҳиши хатари ифротгароӣ ва таҳкими суботу оромӣ ибрози назар намуданд. Дар анҷоми мулоқот Муслимахон Ҷамолиён аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки шаҳрвандон набояд дар ҳеҷ маврид зиракии сиёсиро аз даст диҳанд ва дар ҳифзи сулҳу ваҳдат ва фазои осудаи Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошанд.






















