Матни равон

Санаи 06.02.2026 дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бо иштироки муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, мутахассиси шуъбаи дини МИҲД-и вилояти Суғд Нафиса Нурматова, Бобоева Маъбуда корманди Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Матлуба Сатторова ва раиси ҷамоати шаҳрак Мушаррафа Охунова иштирок намуданд.

Вохӯрӣ доир ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид.

Зикр карда шуд, ки зӯроварӣ дар оила мушкилии дар тамоми ҷаҳон паҳнгардида буда, барои ҷабрдидагон аз ҷиҳати ҷисмонӣ, эҳсосотӣ-рӯҳӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ оқибатҳои ҷиддӣ дошта, на танҳо ба оила, балки ба тамоми ҷомеа низ таъсиргузор мебошад. Зӯроварӣ дар оила зуҳуроти хатарноки ҷамъиятӣ мебошад, чунки он дар навбати аввал ҳуқуқи конститутсионӣ ва озодиҳои занон, кӯдакон ва шахсони солхӯрдаро поймол менамояд.

Баҳри пешгирии ин ҳолат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардид.

Оила, ки асоси ҷамъият аст, таҳти ҳифзи махсуси қонун ва давлат қарор дорад. Зӯроварӣ дар оила ҳамчун зуҳуроти номатлуб барои шахсият, ҷамъият ва давлат хавфнок мебошад. Ҳамчунин зӯроварӣ тавассути расонидани таъсири равонӣ ба ҳар як узви оила метавонад аз доираи он берун баромада, барои содир намудани дигар қонуншиканиҳо, аз ҷумла, ҷиноятҳои махсусан вазнин мусоидат намояд.

Инчунин, оид ба риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъкид карда шуд.

Дар фарҷом ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1175
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3122
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1175
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22395
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:27171
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:101163
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9324487

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?