19 Феврал 2026
Дар заминаи омодагиҳо ба истиқболи арзандаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз муассисаҳои соҳаи маорифи маркази шаҳр боздид ба амал овард. Муовинону роҳбари дастгоҳи раис ва нафарони масъули шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷараёни ташриф Илҳом Пӯлотзодаро ҳамроҳӣ намуданд. Аснои шиносоӣ бо тарбиятгирандагони муассисаҳои давлатии таҳсилоти томактабии “Парасту” ва “Ситора” шаҳрдор аз ҷойҳои машғулиятгузаронӣ, истироҳат ва хӯрокхӯрии дӯстрӯякон дидан кард. Бо мақсади фарогирии беҳтару бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 қабул гардида буд ва боиси хурсандист, ки дар амалисозии он МИҲД-и шаҳр тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ намуд, - зимни суҳбат бо мураббияҳои МДТТ-и “Парасту” иброз дошт, Раиси шаҳр.
-Бо назардошти он, ки зинаи таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад, мо ба бунёди муассисаҳои томактабӣ эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода, минбаъд низ идома хоҳем дод, -гуфт Илҳом Пӯлотзода.
Айни замон дар кӯдакистони “Парасту” 370 нафар кӯдакон тарбият мегиранд. Теъдоди умумии кормандон 46 нафарро ташкил медиҳад. Кӯдакистони “Ситора” 9 гурӯҳро дорад ва 270 нафар дӯстрӯяконро фаро гирифтааст ва 37 нафар корманд пайи тарбиятгирандагони парваришгоҳ ҳастанд.
Масъалаи таълиму тарбия марбут ба имрӯзу ояндаи ҳар яки мост. Аз ин рӯ, дар таълиму тарбияи насли наврас бояд заррае ба саҳлангорӣ роҳ надиҳем, серталаб бошем ва нисбат ба тақдири ояндаи фарзандонамон бо камоли масъулият муносибат намоем. Пешвои маҳбуби миллат дар яке аз суханронии пурмуҳтавояшон ба падару модарон рӯ оварда, таъкид доштанд, ки ояндаи равшану пурсаодати фарзандон, қабл аз ҳама, ба сатҳи масъулиятшиносии онҳо дар самти тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ ва рӯҳию равонии фарзандон вобаста мебошад, - гуфт шаҳрдор ба омӯзгорону толибилмони МТМУ №1.
Маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян гардида, таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти омӯзгор тадбирҳои пайваста амалӣ мегарданд. Ин раванд аз он шаҳодат медиҳад, ки рушди устувори давлат бидуни маориф ва омӯзгори соҳибкасб имконнопазир аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш чунин пешниҳод карданд: “Дар кишвар барои гурӯҳҳои алоҳидаи синнусолӣ, яъне хонандагон, донишҷӯён ва калонсолон Озмуни “Шоҳномахонӣ” роҳандозӣ гардида, дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст шуда, ғолибон бо ҷоизаву мукофотпулиҳои арзишманд қадрдонӣ шаванд. Инчунин, дастур дода мешавад, ки мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шавад”.
Чунин андешаронии Сарвари давлат бори дигар далели он аст, ки соҳаи маориф ба масъалаи стратегии давлат табдил ефта, тақдири ҳар як наврас барои калонсолон муҳим арзёбӣ мегардад.
-Аз ин лиҳоз ҳар як хонандаро зарур меояд, ки –ёдовар шуд шаҳрдор, -дар донишазхудкунӣ рағбати бемайлон дошта бошад.
Раиси шаҳр дар машғулиятҳои дарсӣ иштирок намуда, ба хонандагон гуфтугуи озод дошт. Онҳоро барои дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ ба воя расидан, соҳиби донишҳои баланд гардидан, ифтихори миллату меҳан шудан даъват бинмуд.
Таълим дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ марҳалаи ниҳоӣ ва муҳим барои ҳар фарди ҷавони кишвар – ҳам писарон ва ҳам духтарон – мебошад.
-Танҳо саводу маърифат ва илму дониш инсонро аз ҳама бадбахтиву нокомиҳо наҷот мебахшад, -ҳини вохӯрӣ бо муҳассилини МТМУ №14 таъкид дошт Илҳом Пӯлотзода.
Ҷиҳати рафъи ноқисиҳои мавҷуда, таваҷҷуҳ ба тарбияи насли наврас, иштироки фаъолона дар олимпиадаю озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас аз ҷониби Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба масъулин дода шуд.





















